Бе калӯш ва доманҳои кӯтоҳ: барои либоспӯшии занон дастурамал мунташир шуд

Дастурамал аз чанд боб иборат аст: барои кормандони сохторҳои давлатӣ, барои иду маросимҳо ва бояд аз кадом либос даст кашид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Тавре хабаргузории ТоҷикТА иттилоъ медиҳад, дар Тоҷикистон дастуруламали либосҳои миллӣ барои занон мунташир шуд.

"Дар Тоҷикистон "Дастури сарулибоси тавсияшуда барои духтарон ва занон дар Тоҷикистон" — китоби тарҳу ангораҳои сарулибоси занона ба нашр расид", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Китоб бо теъдоди 300 нусха бо забони тоҷикӣ дар 368 саҳифа дар матбааи "Эр-Граф" чоп шуда, нархаш 110 сомонӣ аст.

Кормандони Вазорати нақлиётро бо фарҳанги либоспӯшӣ ошно карданд

Дар ин китоб тавсияҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ доир ба чӣ гуна сарулибос ба бар кардани духтарону занон дар чорабиниҳои гуногун ва ҳаёти рӯзмарра зикр мешавад.

Дар китоб барои духтарону заноне, ки дар сохторҳои давлатӣ кор мекунанд, низ тарҳҳои пӯшидани чӣ гуна сарулибос тавсия дода мешавад.

Ҳамчунин дар дастур оид ба сарулибоси занони синни аз 7 то 70 солаи Тоҷикистон дар рӯзҳои истироҳат тарҳҳо пешниҳод шудааст.

Дар фасли 11-и китоб ба духтарону занони Тоҷикистон пӯшидани либосу рӯймоли сиёҳ, ҳиҷоби сиёҳ, либоси беҳад ошкори аврупоӣ, домани кӯтоҳ (мини юбка) либосҳои урён (деколте, топик), либос аз матоъи шаффофу намоён, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба бар кардани калӯшу тапочка, либоси хонагӣ, шимҳои танг, либос аз матоъи синтетикӣ ва либоси зараровар барои солимӣ тавсия дода намешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки пӯшоки занонро дар Тоҷикистон танзим мекунанд. "Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон"-ро се ниҳод — Вазорати фарҳанг, Кумитаи занон ва Кумитаи ҷавонон омода кардаанд.

Як намояндаи Кумитаи занон гуфта буд, ин дастуруламал ба бонувону духтарони аз 7 то 60-сола чӣ гуна пӯшидани "либоси миллӣ"-ро тавсия медиҳад.
Ба қавли Сабоҳат Маҳмадалиева, масъули Кумитаи занон, дастурамал ба ҷуз аз танзими либоси занон вобаста ба синну сол тартиби пӯшидани либоси занонро вобаста ба рӯзҳои сол ва макон ҳам танзим мекунад.

Исфандиёри Назар: чаро кормандони давлат ҳам тоқиву ҷома ва масҳиву миёнбанд намепӯшанд?

Дар даҳ бахши аввал намунаи либосҳои бонувоне, ки дар мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ кор мекунанд, лисбоси занон дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ, давлатӣ, дар рӯзҳои истироҳати шанбеву якшанбе ва дар бахшҳои алоҳида муайян шудааст.

Тарҳу намуди либоси занону духтарон барои сайру гашт дар кӯчаю хиёбон, гулгаштҳо, боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, театр ва толорҳои консертӣ бахши алоҳидаи ин дастурамал аст. Либосҳои арӯсӣ ва шакли либоси занон дар маросими азодорӣ низ дар бахшҳои ҷудогонаи ин дастурамал ҷо дода шудаанд.