"Қитъаи сурхи Толибон" нерӯҳои вижаи Амрикоро дар Афғонистон шикор мекунад

Пентагон тавони размии нерӯҳояшро дар Афғонистон афзоиш медиҳад, вале дар вокуниш ба он ягонҳои вижаи "Толибон" мушовирони низомии амрикоиро шикор мекунад ва бар посгоҳҳо дар марз бо Тоҷикистон тохт мебарад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik, Григорий Ростов. Авзоъ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ва Туркманистон ҳаммарз ҳастанд, беш аз пеш печидаву доғтар мешавад.

Чанде пеш нерӯҳои Артиши миллии Афғонистон амалиёти вижаеро барои поксозии вилояти Ҷавзҷон, ҳаммарз бо Туркманистон, аз ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" (ё ДОИШ, ки фаъолияташ дар Русия мамнуъ аст) баргузор карда буданд.

Ин амалиёт бомдодон бо бомбаборони сангарҳои доишиён аз ҳавопаймоҳои ҷангандаи афғонӣ ва амрикоӣ оғоз шуд. Бино бар гузориши сухангӯи волии Ҷавзҷон Муҳаммадриза Ғафурӣ, дар ин амалиёт беш аз 40 ҷангҷӯ кушта ва 17 кас захмӣ шудаанд.

"Дар паи ин амалиёт яке аз пойгоҳҳои ҷангҷӯён дар рустои Чакмаҷуқур нобуд карда шуд. Нерӯҳои ҳавобурди афғонӣ дар ин русто 10 тан аз ҳаводорони ДОИШ-ро дастгир кардаанд, ки ду тан аз онҳо шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҳастанд", — гуфт Ғафурӣ.

Серенко: толибони Афғонистон ҳукумати Ғаниро зархарид меноманд

Нерӯҳои вижаи теруристӣ

Бояд гуфт, ки ин амалиёт ҳамчунин посухи Кобул ба фаъолияти "Толибон" – "бародарони" теруристи ДОИШ дар минтақа низ буд. Толибон дар поёни ҳафтаи гузашта ҳамзамон бар чанд посгоҳи нерӯҳои низомӣ ва интизомии Афғонистон дар ноҳияи Хоҷағор ҳамла бурданд, ки наздик ба марз бо Тоҷикистон ҷойгир ҳастанд.

Ба гузориши сухангӯи волии Тахор Суннатулло Темур, даргирӣ миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷангҷӯён беш аз ду соат ба дарозо кашидааст. Пайомади ин даргирӣ барои давлати Афғонистон талху ҷуброннопазир буд, зеро чаҳор посгоҳ ба дасти толибон уфтода ва 20 сарбози давлат куштаву 15 кас сахт захмӣ шудаанд.

Ҷолиб аст, ки зарбаи аслиро дар ин ҳамла таковарони ягони вижаи "Толибон" задаанд, ки чанде пеш барои пешбурди ҳадафҳои амалиётӣ таъсис дода ва "Қитъаи сурх" номида шудааст. Гуфта мешавад, ки ин ягон нахуст "Лашкари умарӣ" ба ёди мулло Умар, бунёдгузори ҷунбиши "Толибон" номгузорӣ шуда, вале дертар номгардон шудааст.

Бино ба бархе аз гузоришҳо, ин "қитъа" ҷангҷӯёне аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро дар бар мегирад. Аз натоиҷи амалиёти он ва додаҳои андаки созмонҳои иттилоъотӣ метавон натиҷа гирифт, ки тавони размии ҷангҷӯёни "Қитъаи сурхи Толибон" комилан низомӣ аст, зеро бисёре аз таковарони ин нерӯи вижаи теруристӣ пештар дар беҳтарин ягонҳои Нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои худ хидмати сарбозӣ ё афсарӣ карда будаанд.

Шаҳрванд Толиб: оштии Кобул бо Толибон чи пайомаде барои тоҷикон хоҳад дошт

"Қитъаи сурхи Толибон" дар вилоятҳои шимолии Афғонистон беҳуда пайдо нашудааст. Бино ба додаҳое, ки дар даст дорем, ин ҷангҷӯён дар он вилоятҳо размомӯзони Амрикоро шикор доранд, ки он рӯзҳо дар подгони гурдони 10-уми нерӯҳои вижаи Артиши миллии Афғонистон қарор доштанд.

"Размомӯзони амрикоӣ ба ин подгон омада буданд то сарбозону афсарони гурдони 10-уми Артиши миллии Афғонистонро бо нишону сипосномаҳо аз сӯи фармондеҳии Нерӯҳои эътилофӣ тақдир кунанд", — мегӯяд Илҳом Назриев, коршиноси масоили Афғонистон.

Вай афзуд, ки Вазорати дифоъи Амрико дар оғози моҳи март эълом карда буд, ки 800 афсари форсидону паштудони нерӯҳои вижаашро ба Афғонистон мефиристад. Қарор аст, ки ин вижакорон дар ягонҳои Артиши миллии Афғонистон хидмат хоҳанд кард, ки дар хатти муқаддами пайкор бо "Толибон" набард доранд.

Вале аз амалиёте, ки "Қитъаи сурхи Толибон" дар вилояти Ҷавзҷон анҷом дода, метавон натиҷа гирифт, ки тавони размии теруристҳо басе беҳтар аз ин дастпарварони Пентагон аст.

"Аксҳое аз маросими дарёфти нишону сипосномаҳоро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир карда буданд ва як рӯз пас аз он подгони гурдони нерӯҳои давлатӣ дар ноҳияи Хоҷағор омоҷи ҳамлаи ҷангҷӯёни толибон шуданд. Афзун бар талафоти ҷангӣ, теруристҳо ҳамчунин се тан аз нерӯҳои вижаро низ асир гирифтаанд. Эҳтимолан "Қитъаи сурхи Толибон" ҳамин амрикоиҳоро шикор мекард", — ёдоварӣ кард Назриев.

Нерӯҳои ҳавоии Амрико пойгоҳҳои Толибонро дар вилояти Бадахшон бомбаборон карданд

Пентагон ва Кохи сафед ин авохир аз набардҳои нерӯҳои низомиашон дар Афғонистон бештар гузориш медиҳанд. Бино ба хабарҳои расонаҳо, Амрико дар назар дорад, ки нерӯи бештаре ба Афғонистон бифристад. Аз ҷумла қарор шуда, ки нерӯҳои ҳавоӣ ва вижаашро аз Ироқ ба Афғонистон мунтақил кунад. Нерӯҳои ҳавоии Амрико ҳамин акнун ҳам шумори парвозҳои ҷангиашро то 25 бор дар ҳафта афзоиш додааст. Раисҷумҳур Доналд Трамп низ эълом карда, ки Амрико дар назар дорад барои амалиёти низомӣ дар Афғонистон дар соли 2018 камобеш 5 милёрд дулор ҳазина кунад.

Ҳамзамон шарикҳои Амрико дар НАТО низ тааҳҳуд кардаанд, ки дар наздиктарин замон нерӯҳои захираашонро ба Афғонистон равон кунанд.

Американские инструктора награждают афганских военных, архивное фото

Поёни ҷанг нопайдост

Ба назар мерасид, ки гӯё Кохи сафед бисёр кӯшида, ки нуқтаи поёни лашкаркашиаш ба Афғонистон ва рӯёрӯӣ бо Толибонро бигзорад, ки 17 сол боз идома дорад. Вале бисёре аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ҳадафи аслии Амрико дар ин қазия на пирӯзӣ ва истиқрори давлати нерӯманди марказӣ, балки монеъ шудан аз шикасташ аст.

Ба дигар сухан, доштани пойгоҳҳои низомӣ дар Афғонистон барои Амрико аз дидгоҳи роҳбурдӣ басе муҳимтар аст, аз ин рӯ Вашингтон ҳама кӯшишашро кардаву мекунад то вазъи мавҷудро ҳарчи бештар нигаҳ дорад.

Вазорати умури хориҷии Русия аз сиёсати Амрико дар Афғонистон ҳамвора интиқод кардааст. Чунончи, Замир Кабулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия барои Афғонистон, чанде пеш гуфта буд, ки Маскав аз Вашингтон пурсидан мехоҳад, ки ҳадафи аслӣ ва замони ҳузури низомии худ дар он кишварро мушаххас кунад. Ба назари вай, масоили Афғонистон роҳи низомии ҳалл надорад ва бо равишҳои низомӣ ҳам наметавон бар гурӯҳҳои теруристӣ пирӯз шуд.

Ҳампаймонҳои кобулии Амрико низ кӯшиш доранд роҳбурди дугонае дошта бошанд. Онҳо аз як сӯ сулҳ бо "Толибон"-ро пешниҳод мекунанд, вале аз дигар сӯ ҳеч коре намекунанд, ки ин сулҳ ба даст биёяд.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар ҳамоиши байналмилалии "Раванди Кобул", ки дар оғози моҳи март баргузор шуда буд, раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ гуфта буд, ки дар назар дорад музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва "Толибон"-ро оғоз кунад.

Аммо амалиёти интиҳорие, ки чанде пеш дар Кобул анҷом дода шуданд, ва комёб нашудан дар кӯшишҳои пешини оштӣ шудан бо "Толибон" гувоҳ бар ин ҳастанд, ки ҳануз аз дастёбӣ ба сулҳ сухане наметавон гуфт.

"Ба назари ман, ин пешниҳодҳо ҷиддӣ нестанд ва пайомаде ҳам нахоҳанд дошт. Ашраф Ғанӣ пеш аз ин ҳам 7 – 8 бор гуфта буд, ки "Толибон"-ро бояд расман нерӯи сиёсӣ шинохт. Вале ин пешниҳодҳо бепосух мемонанд", — мегӯяд дар ин бора Андрей Серенко, коршиноси масоили амниятии Бунгоҳи пажӯҳиши масоили Афғонистон дар Русия.

Ин музокирот ба ин далел ҳам ҳаргиз баргузор нахоҳанд шуд, ки "Толибон" ҳукумати марказии Кобулро дастнишондаи Амрико мешуморад ва мегӯяд, ки омода аст мустақиман бо Вашингтон гуфтугӯ кунад.

Ҳамзамон масъулини Амрико дар Афғонистон ошкоро аз Ғанӣ пуштибонӣ мекунанд ва омода ҳастанд миёнҷии гуфтугӯҳои давлат ва ҷангҷӯён бошанд. Вале рӯбарӯ бо теруристҳо гуфтугӯ нахоҳанд кард.