Дуои раиси вилоят дар сари деги суманак: таҷлили Наврӯз дар Суғд

Дар тантанаҳои Наврӯзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳам ширкат кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурров ҷашни Наврӯз таҷлил шуд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Рӯзи 17 март раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади ширкат дар чорабиниҳои наврузӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар кардааст.

Вай нахуст аз мактаб-интернати ба номи Тӯхтабой Ғаффоров, ки барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон заиф пешбинӣ шудааст, боздид намуда, тарбиятгирандагон ва мураббиёнро ба муносибати иди Наврӯз табрик гуфтааст.

Дар Суғд сабқати пойга ва бузкашӣ баргузор мешавад

Раиси вилоят барои муҳассилини ин муассиса тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, бо шароити зист ва таҳсили онҳо ошно шудааст.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода дар тантанаҳои наврӯзии сокинони маҳаллаи Сариосиёи Ҷамоати деҳоти Хистеварз ширкат карда, як гуруҳ собиқадорони меҳнатро аёдат намуда, ба 20 оилаи камбизоат армуғони наврӯзӣ тақдим кардааст.

щамчунин Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии наврӯзии маҳаллаи Ҳафт ганҷи Ҷамоати деҳоти Исфисор низ ширкат кардааст.

Раиси вилоят бо мӯйсафедон сӯҳбат карда, аз онҳо дуои неки наврӯзӣ гирифтааст. Дар сари деги суманак Раиси вилоят бо ҳамроҳон баҳри шукуфоии Ватан дуо кардааст..

Манбаъ афзуда, ки дар ин чорабиниҳо раиси вилоятро роҳбарияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ходими давлатию ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова, инчунин гуруҳи адибони вилоят бо сарварии раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ҳамроҳӣ карданд.