ДУШАНБЕ, 19 мар— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо фарҳангиёни кишвар масоили ҳифзи фарҳанг ва рушди бахши гардишгариро баррасӣ кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.
Раисҷумҳур гуфт, ки ҳукумат бо дарки аҳаммияти ин масъала аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ба нигоҳдории мероси моддиву маънавии халқи тоҷик таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, бо вуҷуди имконоти маҳдуди молиявӣ ба барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ оғоз намуд.
Тайи ду даҳсолаи охир як қатор иншооти таърихиву фарҳангӣ ва ёдгориҳои меъморӣ таъмиру тармим гардида, ба макони сайру саёҳати сокинони кишвар ва сайёҳони хориҷӣ табдил дода шуданд.
Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанг ҳоло дар кишвар зиёда аз 2900 ёдгории таърихиву меъморӣ мавҷуд аст.
Вале то ба имрӯз дар 695 ёдгории таърихиву меъморӣ корҳои илмиву бостоншиносӣ ва навсозиву барқарорсозӣ оғоз нагардида, онҳо дар ҳолати ниҳоят хароб қарор доранд. Ҳарчанд ки доир ба баъзеи ин ёдгориҳо дар сарчашмаҳои таърихӣ ишораҳо мавҷуданд, вале дар замони истиқлолият дар ин самт маълумоти иловагӣ кам ҷамъоварӣ шуда, дар баъзе аз ин мавзеъҳо корҳои ҷустуҷӯиву ҳафриётӣ ҳанӯз шурӯъ нашудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханрониаш аз фаъолияти фарҳангиён интиқод кард.
"То имрӯз мо барои таъмиру барқарорсозии ёдгориҳо, аз ҷумла қалъаи Ҳисор даҳҳо миллион сомонӣ сарф кардем. Вале натиҷаи корҳо қаноатбахш нест. Масъулон ба ин масъала муносибати ҷиддӣ намекунанд, чунки завқ надоранд. Дигарҳо дар ҷойи холӣ аз ҳеҷ чиз як чиз месозанд ва ба маърази тамошои мардуми худ ва сайёҳон мегузоранд, миллаташонро муаррифӣ мекунанд ва даромад мегиранд", — гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.
Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ се маротиба мақбараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар шаҳри Панҷакент, оромгоҳҳои Мир Саид Алии Ҳамадониро дар шаҳри Кӯлоб се-чор маротиба, Туғрали Аҳрориро дар ноҳияи Айнӣ ва Камоли Хуҷандиро дар шаҳри Хуҷанд таъмиру барқарор намудем. Инчунин, чанде аз мақбараҳои мутафаккирони пешин, аз ҷумла Ҳазрати Султон, Муҳаммад Шақиқи Балхӣ, Ҳазрати Бурхи Валӣ, Муҳаммади Башоро ва биноҳои қадимаро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар обод кардем.
Аз Фонди Президент биноҳои асосӣ ва гирду атрофи қалъаҳои Ҳисор, Ҳулбук ва Ҳуҷанд барқарор гардида, ҷиҳати идома додани корҳои илмиву бостоншиносӣ, ба тартиб даровардани деворҳо ва сохтмони манораву кушкҳо маблағҳои иловагӣ равона шуда истодаанд.
Барои барқарор кардан ва таъмиру таҷдиди қалъаҳои Муъминобод ва Балҷувони вилояти Хатлон, Муғтеппаи Истаравшан, Санҷаршоҳи Панҷакент ва Вомари Рӯшон дар доираи барнома маблағ ҷудо шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи фарҳанг корҳои лоиҳакашии ёдгориҳои таърихӣ низ суст ба роҳ монда шуда, то ба ҳол лоиҳаи мақбараҳои олимону мутафаккирони ислому ирфон Хоҷа Аюби Ансорӣ, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Мавлоно Фатҳуллоҳи Чустӣ ва Хоҷа Нақшрон омода нашудааст.
Лоиҳаи қалъаҳои Кӯлоб, Шаҳритус, Исфара, дайри буддоии Аҷинатеппаи Вахш ва сангнигораҳои ноҳияи Айнӣ то ҳол ба анҷом нарасидааст. Ғайр аз ин, ёдгориҳои Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш дар ҳолати ногувор қарор дошта, таъмирталаб мебошанд ва дар даврони истиқлолият кам таҳқиқ шудаанд. Ёдгории Тахти Сангин то ҳол роҳи дуруст надорад ва сайёҳон бо мушкилӣ ба ин мавзеъ мерасанд.
Бояд гуфт, ки корҳои муваққатан пӯшонидан ва обод кардани шаҳраки Саразм низ ба таъхир афтода, омӯзишу таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ин мавзеъ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст, — гуфт раисҷумҳур.
дар ин росто Эмомалӣ Раҳмон вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Академияи илмҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки бо ихтисоси таърих ва бостоншиносӣ мутахассис тайёр мекунанд, вазифадор кард, ки корҳои бостоншиносиро дар ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мамлакат вусъат бахшанд ва ҷустуҷӯҳои илмиро дар ин мавзеъҳо мунтазам идома дода, ҷиҳати таъмиру тармим, зиёд кардани нигораҳо ва ба тартиб даровардани онҳо чораҷӯӣ кунанд ва ёдгориҳои таърихиро бо мақсади ворид намудан ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.