Дар Душанбе ба маблағи 15 миллион доллар корхонаи истеҳсоли оби ошимиданӣ месозанд

Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани "Сиёма" аз ҷониби фармоишгар ҶДММ "Авеста гурӯҳ" ва пудратчӣ ҶДММ «Строй сентр» дар ноҳияи Исмолии Сомонии шаҳри Душанбе бунёд карда мешавад. Таҷҳизоти истеҳсолии дар Корхона насбшаванда аз Ширкати бонуфузи фаронсавии "Сидел" аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  барои бунёди Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани "Сиёма" дар шаҳри Душанбе санги асос гузошт, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, иншооти мазкур бо маблағи умумии 15 миллион доллари ИМА бунёд карда хоҳад шуд. Инчунин дар корҳои сохтмонии ин корхонаи истеҳсолӣ, ки наздик ба ду сол идома меёбад, 150 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб гардида, дар ин баробар бо мавриди истифода қарор гирифтани он 50 нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон: мо ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳем гузошт

Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани "Сиёма" аз ҷониби фармоишгар ҶДММ "Авеста гурӯҳ" ва пудратчӣ ҶДММ "Строй сентр" дар ноҳияи Исмолии Сомонии шаҳри Душанбе бунёд карда мешавад. Таҷҳизоти истеҳсолии дар Корхона насбшаванда аз Ширкати бонуфузи фаронсавии "Сидел" аст.

Дарёи Сиёма дар масофаи 50 км дур аз шаҳри Душанбе дар дараи хушманзараи Варзоб қарор дошта, сарчашмаи об аз қабати пиряхҳо ва барфҳо ба дарёи Сиёма ҷорӣ гардида, яке аз обҳои шаффофу пурсафои ҷаҳон дар асоси ташхисҳои бисёркарата ҳисобида мешавад. Зеро тибқи тадқиқоти олимони соҳа оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбӣ расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва барои тозакунии организм басо фоидаовар арзёбӣ карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки оби Сиёма дар байни дигар обҳои рӯи замин тафовут дошта, дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд.

Манбаъ меафзояд, ки раисҷумҳур ба масъулин дастур дод, ки корхонаи истеҳсолиро саривақт бо сифати баланд сохта мавриди истифода қарор диҳанд. Зеро бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ҷойҳои кории нав таъсис ёфта, дастрасии аҳолӣ ба оби маъдании "Сиёма", ки хусусияти шифобахшӣ дорад, имконпазир мегардад.