Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе ба итмом расид

Мавсими гармидиҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон аз даҳаи сеюми октябри соли гузашта оғоз ёфт ва 16 марти соли равон ба поён расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputntik. Дар Душанбешаҳр мавсими гармидиҳӣ ба итмом расид, иттилоъ медиҳад ТоҷикТА.

"Дар шаҳри Душанбе мавсими гармидиҳӣ ба итмом расид. Фаъолияти нерӯгоҳҳои барқии гармодиҳии Душанбе қатъ карда шуд", - хабар доданд дар бахши энержии кишвар.

Мавсими гармидиҳӣ аз даҳаи сеюми октябри соли гузашта оғоз ёфта, 16 марти соли равон ба поён расид. Энержии гармо тавассути ду иқтидор — Марказҳои Барқии Гармидиҳии Душанбе-1 ва Душанбе-2 тавлид мешуд. 

Тибқи маълумоти мутахассисони соҳаи барқи Тоҷикистон, нақши муҳимро дар кори гармидиҳӣ Маркази Барқии Гармидиҳии Душанбе-2 бозӣ кардааст. Он (дар давраи тирамоҳу зимистон) 12-15%-и маҷмӯи умумии нерӯи барқи Тоҷикистонро истеҳсол намудааст. 

Коркарди шабонарӯзии Маркази Барқи Гармидиҳии Душанбе-2 аз 7,5 млн кВт/соат то 9 млн кВт/соатро ташкил медод, албатта, вобаста ба ариза ва эҳтиёҷоти аҳолии пойтахт. 

Барои мисол, дар фасли зимистон шабонарӯзӣ дар кишвар то 60 млн кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки аз 12 то 15%-и онро нерӯи тавлидкардаи Маркази Барқии Гармидиҳии Душанбе-2 ташкил медиҳад.