Дар Тоҷикистон духтареро, ки қасди худкушӣ кардан дошт, наҷот доданд

Бо роҳи гуфтушунидҳо ба наҷотдиҳандагон муяссар шуд духтареро дар Тоҷикистон аз худкушӣ наҷот диҳанд, онҳо ӯро кумак карданд то аз балкон фарояд, ва сипас ба дасти полис супурданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи собиқ) наҷотдиҳандагони Тоҷикистон духтареро аз худкушӣ наҷот доданд, хабар медиҳад ТоҷикТА.

"Гурӯҳи наҷотдиҳандаи фаврии раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, кӯшиши худкушиеро бартараф карданд. Дар шаҳри Бохтар духтари 18-солае ба балкони ошёнаи 4-ум баромада, хостааст аз он ҷо бипарад", — иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии КҲФ Тоҷикистон.

Бо роҳи гуфтушунидҳо ба наҷотдиҳандагон муяссар гаштааст, ки духтарро аз ин гом баргардонанд. Онҳо ба ӯ кумак карданд, ки аз балкон фарояд, ва сипас ба дасти полис супурдаанд

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба тафтишоти ин ҳодиса шурӯъ кардааст.

Пештар дар Душанбе духтари 18-солае кӯшида буд, ки ба ҳаёташ хотима бахшаду, аз болои пуле ба дарё сарозер занад, вале фоҷиаро афроди бетафовут, ки дар наздикии он макон будаанд, тавонистаанд пешгирӣ намоянд.

Ба ин гоми охир ӯро гӯё мушкилоти оилавӣ тела дода бошад. Қабл аз он, ки аз болои пул ҷаҳад, вай як миқдор дору ҳам хӯрда будааст.