Нерӯгоҳи Сангтуда-1 моликияти худро мефурӯшад

Аз ҷумла эълом шудааст, ки минтақаи истироҳатии нерӯгоҳ дар Варзоби Тоҷикистон, ки аз 3 бино иборат асту, майдони умумияш 1,61 гектарро ташкил медиҳад, ба фурӯш гузошта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. ҶСК "НБО Сангтӯда-1" дар Тоҷикистон моликияташро ба фурӯш баровардааст.

Ҳамин тавр, бинои 9 ошёнаи 27 ҳуҷрадор дар шаҳри Норак, ки 2, 3 ва 4 хонагиянду, тарҳи мудерн доранд, ба фурӯш гузошта шудааст.

Ҳамчунин эълом шудааст, ки минтақаи истироҳатии нерӯгоҳ дар Варзоб, ки аз 3 бино иборат асту, майдони умумияш 1,61 гектарро ташкил медиҳад, ба фурӯш гузошта шудааст

ҶСК "НБО Сангтӯда-1" — муассисаи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, ки моҳи феврали соли 2005 бо ҳадафи анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва баҳрабардории минбаъдаи нерӯгоҳи барқии обӣ дар дарёи Вахши Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис дода шудааст. Иқтидори муқарраршудаи НБО Сангтуда-1 670 МВт мебошад.

Аввалин гидроагрегати нерӯгоҳ 20 январи соли 2008 ба кор оғоз кард.

Ифтитоҳи тантанавии оғози баҳрабардории чаҳор гидроагрегати нерӯгоҳи барқии обӣ 31 июли соли 2009 баргузор шуд. Саҳми умумии коркарди нерӯи барқи НБО Сангтӯда-1 12% тавлиди кулли нерӯи барқи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.