Welcome: Тоҷикистон ба сокинони 112 кишвари дунё ба осонӣ раводид медиҳад

Ба номгӯи давлатҳое, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд, 36 давлати дигар ворид гардида, дар маҷмӯъ номгӯи чунин кишварҳо ба 112 адад расонида шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯйхати давлатҳоеро, ки шаҳрвандони онҳо метавонанд  ба осонӣ раводиди Тоҷикистонро ба даст оранд, мунташир кард.

Тавре ниҳод хабар менависад,  ба шаҳрвандони хориҷии то 25 сола, ки аз рӯи таваллуд шаҳрвандии дигар давлатро ба даст овардаанд ва падару модари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, раводиди навъи "ХС3" ҷорӣ карда шудааст. Дар баробари ин, барои гирифтани чунин навъи раводид барои шаҳрвандони болозикр имтиёзҳо дар шакли сода гирифтани раводид ба муҳлати се сол ҳангоми пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуд ва нусхаи шиносномаи волидайн пешбинӣ шудааст.

"Инчунин ҷиҳати ташкил намудани фазои мусоид барои сайёҳон ва шаҳрвандони хориҷӣ илова ба номгӯи давлатҳое, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд, 36 давлати дигар ворид гардида, дар маҷмӯъ номгӯи чунин кишварҳо ба 112 адад расонида шуд", меафзояд ВУХ ҶТ.

Бо рӯйхати кишварҳое, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, метавон дар вебгоҳи Вазорати умури хориҷӣ шинос шуд.

Охирҳои моҳи декабр фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"  эълон шудани соли 2018 ба имзо расид.

Кишвардори Тоҷикистон 22-уми декабр ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод кард, ки соли 2018 Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шавад.

"Пешниҳод мекунам, ки соли 2018 — Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад", — гуфта буд раисҷумҳури кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кишвар тамоми имконоташро барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон равона хоҳад кард.