Пухаев: ҶТ барои ҷалби маблағҳои хориҷӣ бонки исломӣ таъсис медиҳад

Дар хусуси вижагиҳои бонкдории исломӣ ва дар мавриди пулҳои “ҳалол” шореҳи "Вести.Экономика" Алексей Пухаев нақл кард
Sputnik

Нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон ба кори худ соли равон шурӯъ хоҳад кард. Масоили тавсеаи амалиёти корпоратсияи байналмилалии тиҷоратӣ-молиявӣ (ITFC) дар Тоҷикистон, ҳангоми мулоқоти муовини раиси Бонки миллии ҶТ Сироҷидин Икромӣ бо раҳбари раёсати ITFC Назем Нормали баррасӣ мешавад.   

Ҳадафи аслии ITFC дастгирии ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ, кумак ва миёнравӣ дар кори ширкатҳо ва маблағгузории тиҷорат мебошад.

Пухаев: Уровень риска в операциях с исламским банком значительно ниже

"Дараҷаи риск дар амалиётҳо бо бонки исломӣ хеле паст аст, зеро дар ин низом "свопҳо" ва "дериватҳо" нест", — гуфт Алексей Пухаев ба Sputnik Таджикистан.

Дар баъзе бонкҳои аврупоӣ "даричаҳои" алоҳидаеро барои амалиёти бонкии исломӣ пешниҳод карданд, вале мутахассиси мазкур ин пешниҳодро аҷиб меномад, зеро дар ин ҳолат пулҳои оддиро аз "ҳалол" ҷудо кардан имконнопазир аст, тавзеҳ медиҳад ӯ.

Ба андешаи Пухаев, Тоҷикистон дар қаламрави худ бонкеро таъсис медиҳад, ки тибқи принсипҳои иқтисоди исломӣ кор мекунад, зеро он бояд захираҳои молиявии Арабистони Саудӣ, Қатар ва дигар кишварҳои мусулмониро ба худ ҷалб кунад.

Тафсилоти бештарро дар шакли овозӣ  гӯш кунед.