Гузориши аксӣ аз таҷлили Наврӯз дар Маскав

Sputnik

Дар ин се рӯз хоҳишмандон метавонанд аз намоишгоҳи байналмилаллӣ, ки дар "Арбати Кӯҳна" баргузор мешавад дидан кунанд. Дар ин намоишгоҳ ҳунармандони Русия ва кишварҳои узви ИДМ маҳсули дасти худро пешкаши тамошобинон мекунанд.

"Наврӯз – мероси ҷаҳонгардии фарҳангӣ": чӣ гуна дар Душанбе таҷлил мешавад

Дар чорчӯби таҷлили Наврӯз дар Маскав намоиши филмҳо, вохӯрӣ бо шоирону нависандагон, намоиши пӯшокҳои миллӣ ва албатта консерту намоиши ғизои миллӣ баргузор мешавад.
"Наврӯз нахустин бор дар "Арбати Кӯҳна" дар Максав таҷлил мешавад. Имсол баргузоркунандагони ин ҷашни бузург, "Кристалл-Экспо" ва сафорати

Тоҷикистон дар Русия бо ширкати созмони ҷамъиятии "Нур" мебошанд".

Дар ин рӯзҳо даромад ба намоишгоҳи наврӯзӣ ройгон ҳаст.

Наврӯз — ҷашни баробар шудани рӯзу шаб ва оғози соли нав дар миёни мардумони эронитабор аст, ки онро бархе аз турктаборон, аз он ҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.

1 / 11
Шоми рӯзи 15 март дар Арбати Маскав, Рӯзҳои Наврӯз ифтитоҳ шуд.
2 / 11
Дар назди меҳмонон сафири Тоҷикистон дар русия Имомуддин Стторов сухан гуфт.
3 / 11
Дар назди меҳмонон ҳунарманд ва иҷрокунандаи нақши асосӣ дар филми "Суруди Абдул" Абдумамад Бекмамадов бо рақси аспак ҳунарнамоӣ кард.
4 / 11
Таҷлили Наврӯз дар Маскав.
5 / 11
Дар саҳна ансамблҳои гуногун аз Озарюойҷону Ҳиндустон,Узбакистону Туркия ҳунарнамоӣ карданд.
6 / 11
Тоҷирон ба меҳмонон ғизоҳои гуногунро пешниҳод мекарданд.
7 / 11
Ризокорони созмони "Нур" дар ҷашни Наврӯз.
8 / 11
Аксари духтарон барои таҷлили ин ҷашни куҳан бо пӯшокҳои миллӣ омада дар даст сабзаи суманак меҳмононр табрик мегуфтанд.
9 / 11
Дар намоишгоҳ тоқиҳои гуногун ба намоиш гузошта шуда буд.
10 / 11
Маҳсули дастони ҳунармандони тоҷик дар Маскав.
11 / 11
Таҷлили Наврӯз дар Маскав.