"Наврӯз – мероси ҷаҳонгардии фарҳангӣ": чӣ гуна дар Душанбе таҷлил мешавад

Дар Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз барномаҳои консертии идона ва намоишгоҳҳои фарҳангӣ баргузор хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Тантанаҳои идона ба муносибати ҷашни Наврӯз дар чор ноҳияи Душанбе баргузор хоҳад шуд, хабар доданд аз мақомоти шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, 21-уми март соати 9-и субҳ дар боғи фарҳанг ва истироҳати "Дӯстии халқҳо"-и ноҳияи Фирдавсӣ, боғи "Айнӣ"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майдони "800-солагии Москва"-и ноҳияи Шоҳмансур ва дар боғи ба номи "Мироненко"-и ноҳияи Сино, бо иштироки ҳунармандон барномаҳои консертии идона ва намоишгоҳҳои фарҳангӣ оғоз хоҳанд шуд.

Аслишо Акимбеков дар Наврӯз овозхонони Қафқозро ба Душанбе мебарад

Ҳамчунин 22 март дар пойтахти Тоҷикистон Ҷашнвораи фарҳанг ва сайёҳӣ таҳти номи "Наврӯз — мероси фарҳанги гардишгарӣ" баргузор мешавад.

Дар ин рӯз ҷашни гардишгарии Наврӯз ҳамчун бренди гардишгарии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Илова бар ин, 25 март дар маҷмааи "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе намоиш бузурги театрӣ баргузор мешавад.

Бо дастури шаҳрдори Душанбе  Рустам Эмомалӣ, 26 марти соли ҷорӣ дар ҳамин маҷмаа мусобиқаи миллии куштӣ, ва 31 март пойгаҳои аспӣ ба амал меоянд.

Шаҳрдорӣ тақрибан 20 ҳазор доллар барои барпо кардани ин мусобиқот аз буҷаи худ ҷудо кардааст.