Шабнам, Нигина, Баха 84: дар Душанбе консерти ройгон баргузор мешавад

Тамошобинон метавонанд аз савту навоҳои Нигина Амонқулова, Демирбек Олимов, Шабнами Сураё, Баха 84, гурӯҳи Авесто ва инчунин аз рақсҳои шоу-дастаҳои Маскав баҳраманд шаванл
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар Душанбе консерти ройгон бо иштироки ситораҳои эстрадии тоҷик баргузор мегардад.

Ҳамин тавр, тамошобинон метавонанд аз савту навоҳои Нигина Амонқулова, Демирбек Олимов, Шабнами Сураё, Баха 84, гурӯҳи Авесто ва инчунин аз рақсҳои шоу-дастаҳои Маскав баҳраманд гарданд.

Консерт 17 март соати 18:00 дар майдони 800-солагии Москва сурат мегирад.

Шабнам Сурайё дар Наврӯз консерти онлайн баргузор мекунад

Чорабинӣ ба муносибати муаррифии флагманҳои нави Samsung — Galaxy 59 ва Galaxy S9+ дида мешавад, ки дар он ду смартфонро ба бозӣ мегузоранд. Дилхоҳ нафарон метавонанд соҳибони онҳо шаванд.

"Тоҷикистон барои ширкати мо ниҳоят муҳим аст ва мо кайҳо боз орзу дорем, ки онро ба рӯйхати чорабиниҳои расмии Samsung Electronics ворид созем. Дар наздиктарин вақт ба сокинони Тоҷикистон шартҳои вижа барои ба даст овардани смартфонҳои Galaxy S9 ва Galaxy S9+ пешниҳод хоҳанд шуд. Шуморо дар чорабиние мунтазирем, касеро бетафовут намегузорад!", - шарҳ дод намояндаи расмии ширкати Samsung Electronics дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Нурхонов.

Пештар ширкати "Роскачество" дар якҷоягӣ бо ширкати ICRT (Анҷумани байналмилалии созмонҳои тести масрафкунанда) санҷиши навбатии смартфонҳоро ба анҷом расонд ва дар рафти он маълум шуд, ки смартфонҳои Samsung ва Sony аз санҷиши об беҳтар гузаштанд, аз он ки дастгоҳҳои Apple.

Смартфонҳо аз 20 ҷиҳат, аз ҷумла қудрат, кайфияти садо ва видео, амалкард, суръати коркарди маълумот, функсияҳо, устувории камераҳои ақиб, зидди об ва кори аккумуляторҳо тест шуда, дар кулл беш аз 200 параметрҳои кайфият ва бехатарии дастгоҳҳо аз озмоиш гузаштанд.

Раддабандӣ тарафҳои қавӣ ва заъифи тавлидоти ду ширкат - Samsung ва Apple-ро, ки ҳамеша ба якдигар рақобат мекунанд, ошкор намуд.

Моделҳои Samsung-ро аз рӯи чунин нишондиҳандаҳо, ба мисли кайфияти садо, қобилияти батарея, иқтидори хотира ва зидди об, метавон пешво номид.