Аз 1 март дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон 10 гузаргоҳ боз шуд. Аз 16 март бошад тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба мӯҳлати то 1 моҳ ба Узбакистон сафар кунанд.
Шаҳри Конибодом, ки дар марзи Тоҷикистону Узбакистон ҷой гирифтаст, вақтҳои охир махсусан серодам аст: шаҳрвандони Узбакистон низ дар шаҳр ба назар мерасанд.Касе ба дидори Наздиконаш омадааст, касе барои фурӯши маҳсулот. Дар умум ҳама изҳори хурсанӣ мекнунанд, ки ниҳоят муносибати Тоҷикистону Узбакистон хуб шуд.