ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Бино бар иттилои РИА Новости, роҳбари пешини "Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон" Каромат Шарипов гуфтааст, ки мехоҳад аз Олмон ё Британия Кабир мақоми паноҳандагӣ ба даст оварад.
"Бо мақсади ба даст овардани мақоми паноҳандагӣ дар Олмон ё Британияи Кабир ман аз Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо (САҲА) кӯмак хостам",- гуфтааст вай ба рӯзноманигорон.
Аз дафтари матбуотии Дафтари барномаи САҲА дар Душанбе хабар додаанд, ки ин гуна муроҷат ба САҲА аз ҷониби Каромат Шарипов ба қайд гирифта нашудааст.
"Мо барои ҳалли ин гуна масъалаҳо ваколат надорем",- афзудааст дафтари матбуотӣ.
Дар моҳҳои ноябр расонаҳои Русия хабар доданд, ки роҳбари Федератсияи муҳоҷирони ИДМ Каромат Шарипов аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Қарори вижаро додгоҳи шаҳри Любертсии вилояти Маскав содир кадааст.
Додгоҳ шикояти Шариповро қонеъ накарда, ӯро дар толори суд боздошт кард ва пас аз чанде ба ӯ огоҳинома дод, ки ба Тоҷикистон истирдод мешавад.Вакили роҳбари муҳоҷирон аз ин ҳукми додгоҳи шаҳрӣ ба додгоҳи вилоятӣ шикоят бурд, аммо ҳукми додгоҳи шаҳри Любертсии вилояти Маскав тағйир наёфт. Каромат шарипов 13 декабри соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд.