Якчанд кӯчаи дигари Душанбе номгардон шуданд

Мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатӣ" номи чанд кӯчаи шаҳри Душанбе тоҷикӣ карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik.Тавре дафтари матбуотии шаҳрдории пойтахт  хабар медиҳад, дар Душанбе якчанд кӯча номгардон шуд.

Ҳамин тавр, номи чанд чанд кӯча дар пойтахт тоҷикӣ гардид: Ташкентская-Тошканд, Варзобская-Варзоб, верхняя Варзобская ГЭС — Шаббода, Московская — Москва и Туниса — Хоразмӣ.Бино бар иттилои манбаъ, ин кӯчаҳо мувофиқи қонуни ҶТ "Дар бораи забони давлатӣ" тағйири ном карданд.

Кадом шаҳру навоҳии Тоҷикистон номгардон шудаанд

Ёдрас мешавем, пештар бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боғи "50-солагии ҷавонон", воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ба "Низомиддин Алишер Навоӣ" номгардон карда шуда буд. Дар боғи мазкур пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Узбакистон гузошта мешаванд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ вазифадор шудааст, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаи муҷассамаҳои мутафаккирони номбурда озмун эълон кунад.
Чанд пеш дар Тоҷикистон номи маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар табдил дода шуда буд.