Чорсад сомонӣ "мукофотпулӣ" барои иҷораи манзил ба занону мардони сабукпо

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мардеро ба ташкили фоҳишахона дар Душанбе муттаҳам мекунад. Бино бар иттилои манбаъ, гумонбаршуда манзилашро ба фоҳишахона табдил додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки кормандони ниҳод дар шаҳри Душанбе як фоҳишахонаи дигарро ошкор карданд. Як сокини пойхтахт манзилашро ба занону мардони сабукпо иҷора дода, "мукофотпулӣ" мегирифтааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани амалиёти бозҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

"Номбурда, рӯзи 15-уми марти соли 2018, тахминан соати 15:00-дақиқа, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахтро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 23-сола, зани 37-сола, марди 33-сола ва зани 43-солаи сокинони пойтахт барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 400-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.