Ҳарки хандонад ятими хастаро: дар Суғд аз аҳволи 2000 ниёзманд хабар гирифтанд

Дар ҳамаи чорабиниҳо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, бошандагони муассисаҳои иҷтимоиро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Иди Наврӯз табрик намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии сарпарастон т бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои идона доир гардид ва наздик 2000 нафар бошандагони ин муассисаҳо ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, чорабиниҳои идона дар Муассисаи махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд, Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии Хона кӯдакони шаҳри Хуҷанд доир карда шуд.

Шаҳрдории Душанбе барои 1900 кӯдакони ятиму бенаво барномаи солинавӣ ташкил кард

Ҳамчунин ҷашни Наврӯзро дар Мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара, Хонаи бачагони шаҳри Исфара, Хонаи кӯдакони байниноҳиявии шаҳри Истаравшан, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати шаҳри Истаравшан, Муассисаи таълимии парваришгоҳи шаҳри Конибодом, Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент,  ва ғайраҳо доир шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҳамаи чорабиниҳо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, бошандагони муассисаҳои иҷтимоиро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Иди Наврӯз табрик намуданд. Аз ҷониби сарпарастони муассисаҳо ва кормандони бахшҳои фарҳанг барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуда, барномаҳои фарҳангии идона пешниҳод гардид.