Шоҳҷоизаи тоҷикдухтар Мафтуна Муродуллоева дар Олимпиадаи байналмилалӣ дар Миср

Дар олимпиада 300 донишомӯз аз 9 кишвар ширкат карданд. Тоҷикистонро ҳашт нафар наврас аз шаҳри Хуҷанд муаррифӣ кардаанд, як нафар бо шоҳҷоиза ва дигарон бо мақомҳои гуногун ба Ватан баргаштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Мафтуна Муродуллоева —  хонандаи литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи байнанмилалии арифметикаи зеҳнӣ, ки дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб баргузор мешавад, соҳиби шоҳҷоиза шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар олимпиада 300 донишомӯз аз 9 кишвар ширкат карданд. Тоҷикистонро ҳашт нафар наврас аз шаҳри Хуҷанд муаррифӣ кардаанд, як нафар бо шоҳҷоиза ва дигарон бо мақомҳои гуногун ба Ватан баргаштанд.

Рустам Эмомалӣ барои Ёсуман ва Манижа 4500 сомонӣ стипендия ҷудо кард

Ҳамин тавр, ду хонандагони синфҳои 8-и дигари литсейи физикӣ — математикии №1-и шаҳри Хуҷанд Сабрина Зиёбоева ва Ҷаҳонгир Усмонов дар ин олимпиада иштирок намуда Сабрина мақоми аввал ва Ҷаҳонгир ҷойи 3-юмро ба даст оварданд.

Ҳамчунин Сумайя Ёдгорова аз мактаби хусусии "Пулотов" мақоми аввал, Азизҷон Саидов хонандаи синфи 6 "в"-и Мактаби хусусии "Файз" ҷойи сеюм, Наҷминисо Бобоҷонова, Комрон Бобоҷонов ва Диловар Абдуллоев аз литсейи политехникии шаҳри Хуҷанд мақомҳои дуюм ва сеюмро соҳиб шуданд.

Номбурдагон дар Маркази инкишофи зеҳнии "Пифагорка" дар шаҳри Хуҷанд буда, машғулиятҳои иловагӣ гирифта, ба олимпиада омодагӣ диданд. 

Тавре мудири литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд Моҳира Азимова гуфтааст, дар соли таҳсили ‎2017 — 2018 43 хонандаи литсей дар олимпиадаи шаҳрӣ  ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.