Душанбе хабари ҷанҷоли тоҷирони тоҷику узбакро дар марз такзиб кард

ВКД Тоҷикистон хабари муноқишаи миёни тоҷирони тоҷику узбакро дар марз, ки дар расонаҳо паҳн шудааст, такзиб кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар равобити умумиаш хабари муноқишаи миёни савдогарони Тоҷикистону Узбакистонро рад кард.

Дар раддияи ин ниҳод қайд мешавад, ки чанде пеш дар бархе аз расонаҳо, хабари ҷанҷоли савдогарон дар марзи Тоҷикистону Узбакистон дар Конибодом нашр шудааст.

"Гуё баъди кушода шудани марзи Узбакистон тоҷирони узбак бо маҳсулоти арзон вориди бозорҳои Тоҷикистон шудаанд ва бино ба хабарҳо, аллакай байни онҳо ва тоҷирони маҳаллӣ аввалин муноқишаҳо бар сари нарх сар задаанд. Дар Конибодом барои арзон фурухтани молҳояшон чанд тоҷири ӯзбекро ҳатто задаанд…",-омадааст дар хабарнома.

ВКД хабари ошкор шудани 3 тонна гӯшти харро такзиб кард

ВКД қайд мекунад, ки ин хабар воқеъият надорад ва пас аз бозкушоии гузаргоҳҳо дар марз ҳодисае рух надодааст.

Ҷиҳати санҷиши асоснокии хабари дарҷгардида аз ҳисоби масъулини мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд бо шаҳрвандон ва тоҷирони шаҳри Конибодом ва дигар ноҳияҳои наздисарҳадӣ сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шудаанд.

Дар натиҷа маълум гашта, ки хабари мазкур бардурӯғ ва иғвобарангез буда ба ҳақиқат наздикӣ надорад. Рафтуомади шаҳрвандони ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвари бо ҳам бародар дӯстона давом дошта ягон ҳолати муноқишаи байни шаҳрвандон ва тоҷирони ду кишвар сари баландшавии нархи маҳсулот ҷой надорад.