Сӣ Ҷинпин то ҷовидон: раҳбари Чин иқтисоди Осиёи Марказиро дигаргун мекунад

Ислоҳи Қонуни асосӣ барои раҳбари Чин имкон фароҳам мекунад, ки боз 10 соли дигар тарҳҳои бузурги фаромиллие чун "Роҳи нави абрешим"-ро шахсан мудирият ва назорат кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik, Рубен Гарсия. Раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин акнун метавонад то замоне, ки тавонашро дорад, бар он кишвар раёсат кунад.

Чунин ҳаққеро Маҷлиси миллии халқи Чин бо аксарияти кулли раъйҳо ба Сӣ Ҷинпин дода, ки дар охирин нишсташ бандеро ислоҳ кард, ки раёсат бар Ҷумҳурии Халқи Чинро барои ҳар раисе дар ду давра маҳдуд мекард.

Акнун раёсати Сӣ Ҷинпин, ки давраи кунунияш дар соли 2023 ба поён мерасад, барои ҳаддақалл 5 сол ва шояд ҳам бештар тамдид карда мешавад.

Малайзия ва Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳи гарморасонӣ месозанд

Sputnik Тоҷикистон дар ин бора бо чиншинос профессор Александр Ломанов, корманди аршади илмии Пажӯҳишгоҳи Ховари Дури Фарҳангистони улуми Русия, суҳбат кард ва аз вай пурсид, ки ин ислоҳот дар Қонуни асосии Чин чи далеле дошта ва чаро ҷомеъаи чинӣ ҳеч мухолифате бо ин тасмимгирӣ надорад ва он чӣ пайомадҳое барои ҳамсояҳои Чин хоҳад дошт?

Қудрат дар як даст

Боёд ёдоварӣ кард, ки симати Раиси Ҷумҳурии Халқи Чин пешинае дерина надорад ва онро дар соли 1982 раҳбари ислоҳгари чинӣ Ден Сяопин бунёд гузошта, ки Чинро локомотиви иқтисоди ҷаҳонӣ гардонда буд. Дар оғоз ва то чанд замоне ин симат бештар ташрифотӣ буд то мудириятӣ. Чунончӣ, худ Ден Сияопин, ки сарнавишти Чинро сохтааст, ҳаргиз раисҷумҳури Чин набудааст.

"Вай ин симатро ба ҳамраҳону ҳамандешонаш, куҳансарбозони ҳизби комунист вогузор карда буд, ки вазифаашон бештар ташрифотӣ ва диплроматӣ буд, чунончӣ, аз кишвар дар хориҷа намояндагӣ кунанд ва ё бо меҳмонони хориҷӣ дидор кунанд", — мегӯяд Александр Ломанов.

Вай афзуд, ки ҷойгоҳи ин симат дар солҳои 1990-ум рӯ ба дигаргунӣ ниҳод, ки Ҷиян Земин бо таъйиди хомӯшонаи Ден Сяопин оғоз ба қабзи қудрат дар як даст кард ва дар як замон ҳам дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби комунисти Чин ва ҳам раиси Шурои низомии КМ ҲКЧ шуд.

Багдасаров: чиниҳо оҳиста-оҳиста Тоҷикистонро фурӯ мебаранд

Ҳамӯ буд, ки консепти "се намояндагӣ"-ро ташакул дод, ки бино бар он, ҳизби комунист на танҳо бояд ба раъйи коргарону кишоварзон гӯш медод, балки дидгоҳи "табақаҳои гуногуни ҷомеъа", аз ҷумла намояндагони буржуозиро низ дар назар мегирифт.

Ҳу Ҷинтао аз Ҷиян Земин пайравӣ кард ва аҳамият ва қудрати раиси Ҷумҳурии Халқи Чинро бештар аз пеш кард.

Акнун Сӣ Ҷинпин, ки бар аҳамияти сиёии ин симат бештар аз пешиниён афзуда, бар ин назар аст, ки муддати раёсати худро барои 10 соли дигар тамдид кунад. Ягона монеъа бар сари роҳи вай ҳамон моддаи Қонуни асосӣ буд, ки онро ҳам ислоҳ карданд.

Аз Мао то Ҷинтао

Баррасии имкони ислоҳи он модда аз дидгоҳи идеулужӣ дар поёни соли гузашта, пас аз баргузории нахустин ҷаласаи Анҷумани Кумитаи марказии Ҳизби комунисти Чин оғоз шуд.

Инҷо ин суол ба миён меояд, ки чаро ҷомеъаи чинӣ ҳеч мухолифате бо қабзи қудрат дар дасти як сиёсатмадор накарда ва намекунад?

Дар ин маврид худ истидлоли мантиқии ислоҳи Қонуни асосӣ муҳим аст.

Сӣ Ҷинпин таъкид мекунад, ки берун аз чорчӯби муқаррарот пой наниҳодааст. Расм бар ин буда, ки ҳар дабири кулл ва ё раисҷумҳуре, ки 10 сол бар Чин ҳукумат карда, пас аз худ мероси идеулужике боз гузоштааст.

Рӯшан аст, ки манзур аз ин мерос осори бунёдгузори Ҷумҳурии халқи Чин Мао Зедун, идеяҳои ислоҳгаронаи Ден Сяопин, консепти "сн намояндагии" Ҷиян Земин, идеяҳои рушди илмии Ҳу Ҷинтао ва саранҷом андешаҳои Сӣ Ҷинпин аст.

Ин мерос дар Ойинномаи Ҳизби комунисти Чин сабт шуда ва бино бар расме, ки дар Чин ҷорӣ аст, бояд аз он дар Қонуни асосӣ ворид карда мешуд. Вале Қонуни асосии Чин аз замони ҳу Ҷинтао то кунун ислоҳ нашуда буд ва ҳамин маврид баҳонае шуд, ки Сӣ Ҷинпин на танҳо андешаҳои раҳбари пешинро, балки дидгоҳҳои худро низ дар Қонуни асосии кишвар бигунҷонад.

Ин жести намодин ҷойгоҳи Ҷинпинро устувортар кард ва, ба гуфти бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон, ӯро дар як рада бо Мао Зедун гузошт. Боре, ташбеҳи Сӣ Ҷинпин ба Мао Зедун дар воқеъ муболиғае беш нест.

"Ҳануз зуд аст ӯро бо Мао баробар кардан. Ман бар инам, ки вай дар торихи навини Чин севумин раҳбар – пас аз Мао Зедун ва ден Сяопин, аст, ки обрӯву эътибораш бисёр бузург аст", — мегӯяд Ломанов.

Ӯ мегӯяд, ки сиёсати раҳбари Чин дар даҳ соли гузашта ба андозае муваффақона буда, ки аксарияти ҷамъитяи Чин аз тамдиди муддати замони раёсати вай тарафдорӣ кунад.

Аз як сӯ, бархе аз чиниҳо дар интернет ба шӯхӣ ё ба ҷидд мегӯянд, ки Чин ба даврони имперотурӣ пас мегардад. Вале дар хориҷ аз кишвар бисёре аз мухолифин ва мудофеъони ҳуқуқи башар безорияшон аз тамдиди муддати раёсати Сӣ Ҷинпинро эълом мекунанд.

Шариф Саид: аз мушорикати Чин дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон истиқбол мекунем

Аз дигар сӯ, Ҷинпин воқеъан ҷомеъаи Чинро бар асоси омехтае аз идеяҳои сусиёлизми нав ва меҳандӯстии чинӣ муттаҳид карда, ки ҳамеша муаассир будааст.

Ҷинпин дар кишвараш ҳамчун муборизи беамон бо фасод ва пуштибони адолати иҷтимоъӣ маъруф аст. Дар замони раёсати ӯ буд, ки раҳбарони ҳизбиро водор карданд зиндагии хоксоронатареро пеш гиранд. Акнун масъулини давлатӣ дигар "худ шоҳу табъаш вазир" нест, ки аз додгоҳу додгустарӣ дар амон бошад. Агар масъуле дуздӣ кунад ва ё ришва бистонад, ҳатман ба додгоҳ кашида ва шадидан муҷозот карда мешавад. Бисёре аз масъулини дузду фосид дар Чин эъдом шудаву мешаванд.

Афзун бар ин дастовардҳо, Сӣ Ҷинпин ба мардуми Чин ваъда дода, ки дар наздиктарин солҳо кишвараш дар миёни пешрафтарин кишварҳо низ пештоз хоҳад шуд. Аз чунин сиёсатҳо аст, ки раҳбари Чин дар дохил амалан мухолифе дар миёни тӯдаҳо надорад.

Роҳи нави абрешим

Тамдиди муддати раёсати Сӣ Ҷинпин барои кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, бисёр муҳим аст. Танҳо ба ин далел, ки раҳбари Чин тарҳи "Як камарбанд – як роҳ"-ро пеш ниҳода аст.

Ёдоварӣ мекунем, ки Сӣ Ҷинпин тарҳи "Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим" ва тарҳи "Роҳи дарёии абрешими садаи XXI"-ро дар соли 2013 матраҳ карда буд. Ин "камарбанд" бояд бештари сарзамини Уросиёиро "бипечонад" ва "иқтисодҳои нави" кишварҳои Осиёи Марказиро дар як паҳна муттаҳид кунад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин тарҳ нақши роҳи транзит аз Чин ба Урупоро доранд.

Акнун раҳбарии Чин тасмим гирифта, ки ин роҳро то поён биравад.

"Соли гузашта дар анҷумани Ҳизби комунисти Чин консепти "Як камарбанд – як роҳ"-ро дар ойинномаи ҲКЧ ворид карданд. Агар раҳбарони сиёсии Чин ин тарҳро чандон муҳим намешумурданд, ҳаргиз даст ба ин иқдом намезаданд. Аммо акнун иҷрои ин тарҳ яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар кадоме аз 80 милюн узви Ҳизби комунисти Чин шудааст", — тавзеҳ дод профессор Ломанов ба Sputnik Тоҷикистон.

Сӣ Ҷинпин барои иҷрои ин тарҳи бузург, ки саросари Уросиёро дар бар мегирад, 10 – 12 солро кам дошт, ки акнун ин фурсатро низ барояш фароҳам карданд.