Раҳмон додситонҳоро муваззаф кард, ки аз дороиҳояшон гузориш диҳанд

Хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд, ки ҳар сол ба мақомоти андоз оид ба даромад ва вазъи молу мулк эъломия пешниҳод намоянд. Зарур мешуморам, ки ин талабот ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокурорҳо низ татбиқ карда шавад, гуфт раисҷумҳур
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла додситонҳоро муваззаф кард, ки аз даромад ва вазъи молу мулкашон ба мақомоти андоз эъломия пешниҳод кунанд. Дар ин бора кишвардор дар рафти суханронӣ дар назди кормандони мақомоти додситонӣ гуфт.

"Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд, ки ҳар сол ба мақомоти андоз оид ба даромад ва вазъи молу мулк эъломия пешниҳод намоянд. Зарур мешуморам, ки ин талабот ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокурорҳо низ татбиқ карда шавад", — изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, имрӯз, 13 март дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони додситонӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони прокуратура дидор ва мулоқот кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суханрониаш дар маҷлис таъкид кард, ки вазифаи ҷонии прокурорҳо танҳо маҳкум кардан набуда, дар навбати аввал,  пешгирӣ кардани қонуншиканӣ аст.