ВКД хабари ошкор шудани 3 тонна гӯшти харро такзиб кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дар бораи ошкор шудани 3 тонна гӯшти харро дар роҳ ба Душанбе такзиб карда? тафсилоти худро дар ин росто мунташир кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ маълумоти дар шабакаҳои интернетӣ дарҷ шударо таҳти сарлавҳаи "Ошкор шудани 3 тонна гӯшти хар дар роҳ ба Душанбе, ё гӯшти хар тиҷорати кист?" мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки ахбороти мазкур асоси воқеӣ надорад.

Ба гузориши ВКД, барои дастгир ва муайян намудани ашхосе, ки ба Тоҷикистон маҳсулоти пастсифат ворид менамоянд ва ё маҳсулоти бесифатро ба фурӯш мебароранд, аз ҷониби кормандони милитсия мунтазам чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешавад.

Нашри рӯйхати ронандагони ҷаримагурез дар ВКД

Дар паи чунин чорабиниҳо муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Ҷӯраев Олим Шарифбоевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, як қисми ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Қодиров Маҳмуд Абдумуминович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Бобоыон Ғафуровро ба иҷора гирифта, аз Қирғизистон бо роҳи қочоқ гӯшти қиммакардашуда ворид намуда, баъдан онро ба шаҳри Душанбе ба корхонаҳои истеҳсоли ҳасиб фиристодааст.

Маҳсулоти воридкардаи ӯ ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ва бехатариро надорад.

Дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва азназаргузаронии манзили истиқоматии Қодиров М.А. 50 қуттӣ ба вазни умумии 500 кг гӯшти қиммаи мурғ истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон пайдо карда гирифта шуд, ки дар ҳолати антисанитарӣ нигоҳ дошта мешуд ва ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифатро доро набуд.

Ҳамчунин дар дидбонгоҳи БДА ШВКД-и Тоҷикистон дар нощияи Айнӣ худи шаҳрванд Қодиров дастгир карда шуд, ки номбурда 1500 кг гӯшти қиммаи мурғро бо супориши Ҷӯраев О.Ш. бо автомашинааш тамғаи "Мерседес-Спринтер" ба шаҳри Душанбе интиқол доданӣ буд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси озмоишии санитарӣ-бактериологии Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии ш.Хуҷанд, №45 аз 22-феврали соли 2018 маҳсулоти гирифташуда, яъне 2000 кг гӯшти қиммаи мурғ ба маблағи 26000 сомонӣ ба талаботи бехатарии ҳаёт ва саломатии инсон ҷавобгӯй намебошад.

Дар асоси маводҳои таҳиякардашуда нисбати Ҷӯраев О.Ш. аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Бобоыон Ғафуров бо моддаи 209 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.