Беш аз 20 низомӣ дар паи ҳамлаи ҷангиён дар Афғонистон кушта шуданд

Ҷангиён ба дидбонгоҳҳои кормандони нерӯҳои амниятии афғон дар вулусволии Болобулук ҳамла кардаанд, ки дар натиҷаи он 18 нафар аз ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ кушта, се нафари дигарашон рабуда шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Зиёда аз 20 нафар ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ дар натиҷаи ҳамлаи марговари ҷангиён дар вилояти Фараҳи ғарби Афғонистон кушта шуданд, иттилоъ медиҳад телеканали Ariana News бо ишора ба суханони мансабдорони маҳаллӣ.

Роҳбари шӯрои вилоят Фарид Бахтовар изҳор дошт, ки ҷангиён ба дидбонгоҳҳои кормандони нерӯҳои амниятии афғон дар вулусволии Болобулук ҳамла кардаанд, ки дар натиҷаи он 18 нафар аз ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ кушта ва се нафари дигарашон рабуда шудаанд.

Боз шаш нафари дигари нерӯҳои амниятӣ дар натиҷаи ҳамлаи ҷангиёни ҳаракати радикалии "Толибон" дар маркази идории вилоят ̶ шаҳри Фараҳ ̶ кушта шудаанд.

Вазъи Афғонистон дар моҳҳои охир ба таври назаррас бад шудааст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан масоҳати умдаи манотиқи деҳоти кишварро идора мекард, акнун ба шаҳрҳои калон ҳамла мекунад. Ҳамчунин дар қаламрави кишвар таъсири гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ, ки фаъолияташ дар ФР манъ аст) афзоиш ёфтааст.