Девона гурез, ки маст омад: марди сархуш ҷавони гирифтори бемории рӯҳиро латукӯб кард

Ёрии таъҷилӣ мардеро, ки маст буд, ба беморхонаи солимии рӯҳӣ ва наркологии шаҳри Панҷакент дастрас кардааст. Он ҷо марди сархуш бо ҷавони гирифтори бемории рӯҳӣ ҷанҷол кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар шаҳри Панҷиканд марди масте як бемори рӯҳиро латукӯб кардааст.

Гуфта мешавад, рӯзи 24-уми феврали соли 2018, тахминан соати 23:00-дақиқа, сокини 54-солаи сокини шаҳри Панҷакент, дар ҳолати мастӣ аз тарафи духтурони пойгоҳи ёрии таъҷилии беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент ба беморхонаи солимии рӯҳӣ ва наркологии шаҳри Панҷакент дастрас карда шуд. 

Номбурда, ба ҳуҷраи нигоҳдории беморони рӯҳӣ, ки дар он ҷо марди 25-солаи сокини деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент, ки гирифтори бемории рӯҳӣ буда, табобат мегирифт, даромада, ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст.

Дар натиҷа, номбурда мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ зарари вазнин ба саломатиаш бардоштааст. 

Нисбати марди гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.