Барномаи "Шоми дӯстӣ" бо ширкати беш аз 250 ҳунарманд дар "Кохи Борбад" баргузор шуд.
Сараввал раисҷумҳурони Тоҷикисону Узбакистон Эмомалӣ Раҳмол ва Шавкат Мирзиёев суханронӣ карда, хурсандии худро аз барқарор шудани муносибатҳои ду миллати дӯст иброз доштанд.
Дар консерти муштарак, ки ҳам ҳунармандони Тоҷикистон ва ҳам ҳунармандони Узбакистон ширкат доштанд, чанд суруди тоҷикӣ, узбакӣ ва ширу шакар (тоҷикиву узбакӣ) садо доданд, ки аз ҷониби тамошобинон хело хуш пазируфта мешуданд.