Дар маросими таҷлил аз Рӯзи Модар дар шаҳри Хоруғ, раиси вилоят Шодихон Ҷамшед, раиси шаҳр ва дигар шахсони расмӣ ширкат карданд.
Ҳунармандони театри шаҳрӣ намоишномае дар мавзуъи модарро пешкаши бошандагони шаҳр карданд.
Ҳамчунин барои ҳаводорони рақсу суруд барномаи фарҳангие барпо шуд.
Бархе аз бонувони фаъоли ВМКБ аз дасти раиси вилоят Шодихон Ҷамшед, ҳадяҳо гирифтанд.