Бо гулу парчам: Мирзиёевро чӣ гуна дар Душанбе пешвоз гирифтанд

Sputnik

Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонро Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.

Истиқболи Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳи Душанбе

Майдони фурудгоҳ ба хотири ташрифи роҳбари кишвари дӯсту ҳамсоя бо парчамҳои давлатии ду кишвар ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Узбакистон идона оро ёфта буд.

Умед аст, ки сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо кишвардори Тоҷикистон, имзои санадҳои нави меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо, барои таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Пас аз анҷоми маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар толори пазироии меҳмонони олимақоми фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як суҳбати кутоҳи самимӣ доир карданд.

 

 

1 / 7
Сафари нахустини Шавкат Мирзиёев ба Душанбе.
2 / 7
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев.
3 / 7
Майдони фурудгоҳ ба хотири ташрифи роҳбари кишвари дӯсту ҳамсоя бо парчамҳои давлатии ду кишвар ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Узбакистон идона оро ёфта буд.
4 / 7
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми пешвози Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳи Душанбе.
5 / 7
Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз гиифт.
6 / 7
Ҳазорон тоҷикистонӣ ба пешвози Шавкат Мирзиёев баромаданд.
7 / 7
Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе.