Кадом роҳҳои Душанбе ба хотири Мирзиёев баста мешаванд?

Дар рӯзҳои сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, чанде аз роҳҳои Душанбе баста хоҳанд шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 мар- Sputnik. Сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон имрӯз, 9 март дар назар аст. Ба хотири пешвози Мирзиёев чанде аз роҳҳои марказии Душанбе баста хоҳад шуд, хабар медиҳад оҷонсии Тоҷик.ТА.

Рӯзи 9 март — аз соати 09:00 то 11:00 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳо аз фурудгоҳ то қароргоҳи ҳукумат: хиёб. Аҳмади Дониш — Айнӣ — Рӯдакӣ баста мешавад.

Аз 13:30 то 14.00 — роҳҳо аз қароргоҳи ҳукумат то майдони "Дӯстӣ": хиёб. Рӯдакӣ баста мешаванд. 

Аз соати 15:30 то 16:30 — ҳаракати нақлиёт аз майдони "Истиқлол" то мавзеи собиқ Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) — мавзеи наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: хиёб. Рӯдакӣ, хиёбони  Исмоили Сомонӣ муваққатан манъ мешавад.

16:30 — 20.00 — манъи муваққатии ҳаракати нақлиёт аз Боғи ҳайвонот то маҷмааи "Кохи Борбад": хиёбони Исмоили Сомонӣ.

Субҳи 10 март аз соати 09:30 то 11:00 ҳаракати нақлиёт дар мавзеи наздикии қароргоҳи шаҳрии ҳукумат: хиёбони Рӯдакӣ қисман манъ мешавад.

Аз соати 14:00 то 15.00 — ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз қароргоҳи ҳукумат то фурудгоҳ: хиёбони Рӯдакӣ — Аҳмади Дониш қатъ мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба сафари Мирзиёевро шахсан назорат мекунад.

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, рӯзи ҷумъа сафари расмии ду рӯзаи худро ба Тоҷикистон оғоз мекунад. Дар ин сафар имзои беш аз 25 созишнома аз ҷумла, аҳдномаи марзӣ ва масъалаи бекор кардани раводид дар назар аст.

Дар тӯли 25 сол миёни Узбакистону Тоҷикистон дар ҳар замина норозигиҳо сар мезад. Душанбе чандин бор кишвари ҳамсояро дар бастани роҳҳои оҳан айбдор мекард. Дар навбати худ Тошканд зидди сохтмони нерӯгоҳи бузургтарин дар Осиё-Роғун баромад кардааст. Соли 2001 аввал Узбакистон ва баъдтар Тоҷикистон низоми раводидро ҷорӣ кард.

Ин нахустин сафари расмии раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон аст. Охирин бор кишвардори аввалин-Ислом Каримов соли 2000-ум аз Тоҷикистон боздид карда буд.