Ҳукумати Афғонистон омодааст ба ҷангиёни созгори ҳаракати "Толибон" (созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия манъ аст) шаҳрвандӣ диҳад.
Дар ин бора раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар конфронси байналмилалии "Раванди Кобул" гуфт ва илова намуд, ки мехоҳад музокироти сулҳро байни ҷангиён ва ҳукумати марказии Афғонистон оғоз кунад.
Коршиноси аршади Маркази русиягии омӯзиши Афғонистон эълом дошт, ки чунин пешниҳодот Ғанӣ дар як сол 5-7 бор мекунад, вале тамоми онҳо беҷавоб мемонанд.
"Ин изҳороти холӣ аст, ки ба ҳеҷ чиз оварда намерасонанд. Ман ба имконияти муколама миёни тарафҳои мухолиф дар Афғонистон боварӣ надорам, чунки ҳамоҳангӣ дар як масъалаи хеле муҳим дида намешавад. Толибон ҳукумати Ғаниро зархарид меноманд, бар ин бино мехоҳанд музокиротро мустақиман бо Вашингтон баранд. Вале амрикоиҳо бошанд, чунин мешуморанд, ки муколама бояд байни толибон ва намояндагони расмии ҳукумати Афғонистон сурат гирад ", — шарҳ дод Андрей Серенко.
Ба андешаи ӯ, то он даме, ки ин зиддиятҳо бартараф карда намешаванд, ҳеҷ тағйироте нахоҳад шуд.