Барфу борон: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Имрӯз, 7 март, дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 мар— Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо боридани барф ва вазиши боди сахт пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3-8  ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Меғ мефарояд: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво  шабона 4-1 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳарорат шабона 12-17 дараҷа сард ва рӯзона 3-2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешбинӣ мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шабона 8-13 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.