Путин иқрор шуд, ки ҳангоми латифагӯӣ зани Трампро "фиреб" карда буд

Сӯҳбати кӯтоҳи раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо ҳамсари раисҷумҳури Амрико дар ҳошияи форуми G20 баргузор шуд, ки он рӯзҳои 7-8 июли соли 2017 дар шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор шуда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт ҳангоми сӯҳбат бо ҳамсари Трамп-Мелани Трамп ва ҳамсари нахуствазири Итолиё Эмануэл Мауро дар бораи моҳидории бесобиқааш каме муболиға карда буд.

Сӯҳбати кӯтоҳи Владимир Путин бо ҳамсари раисҷумҳури Амрико ва нахуствазири Итолиё  дар ҳошияи форуми G20, ки рӯзҳои 7-8 июл дар шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор шуда, доир шуд. Ҳамчунин маҳз дар доираи нишасти сарони кишварҳо аввалин мулоқоти Путин ва Трамп баргузор шуда буд.

"Ҳамчунин ба онҳо дар бораи Русия, Сибир ва моҳидорӣ нақл кардам. Бар сабили одати моҳигирон каме дуруғ гуфтам. Вақте ки дар бораи моҳидорӣ гап мезанӣ, метавонӣ муболиға накунӣ? Ба бонувон ҳамчунин дар бораи Камчатка, олами ҳайвоноти Русия, хирсҳои Камчатка ва палангони Шарқи Дур нақл кардам",- мегӯяд Путин дар филми "Миропорядок 2018".

Футболбозии Путин ва раҳбари ФИФА дар Кремл (НАВОР)

Раисҷумҳур афзудааст, ба занон дар барномаи демографии Русия нақл карда буд. Ба гуфтаи вай, ҳамсарони сиёсатмадорон аз ҳаҷми сармояи модарон  дар Русия шигифтзада шуданд.
Раисҷумҳури Русия аввалҳои моҳи август ба Шарқи Дур сафар карда буд. Дар ҳошияи он раисҷумҳур ду рӯз дар Сибир монд ва ба шикори зериобиву моҳидорӣ машғул шуд.

Тавре сухангӯи раисҷумҳур Дмитрий Песков нақл кард, он ҷо Путин барои "шикори шӯртан" ду соат овора шуд.