Пайдо шудани ҷасади як соҳибкор ва оилааш, ки барои ҳаҷҷи умра ба Мадина рафта буданд

Наздикони ин соҳибкор дар бораи кушта шудани вай гумонҳои зиёд доранд, касе аз онҳо мегӯянд, шояд заҳролуд шуда брошад, нафари дигаре боварӣ дорад, ки вайро куштаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Тавре хабаргузории ТоҷикТА гузориш медиҳад, дар Арабистони Саудӣ ҷасади як соҳибкори тоҷик ва хонаводаи вай пайдо шудааст.

"Дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Мадина ҷасади як соҳибкори тоҷик Бахтиёр Додохонови 33-сола, ҳамсар ва ду писари 10-сола ва 12-солааш пайдо шуд",- гуфта мешавад дар хабар.

Наздикони соҳибкори тоҷик гуфтаанд, ки ҷасади Бахтиёр Додохонов ҳанӯз санаи 5 март пайдо шуда буд.

Пайвандони Додохонов дар бораи кушта шудани вай фарзияҳои гуногун доранд. Касе аз онҳо мегӯянд, ки Бахтиёрро куштанд, касе аз онҳо боварӣ дорад, ки ӯ бо аҳли хонаводааш заҳролуд шуданд.

Ҳоло мақомоти Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ин хабарро таъйид накардаанд.

Тавре манбаъ менависад, Додохонов соҳибкори машҳуре аз Тоҷикистон буд.  Даҳ рӯз пештар вай барои ҳаҷҷи умра бо оилааш ба Мадина рафта будааст. Вай дар даст барои бозгашт ба ватан билет ҳам доштаст.