Дар Душанбе бехатарии занони соҳибкор баррасӣ шуд

Дар ҳамоише дар шаҳри душанбе бехтарии занони соҳибкоррро баррасӣ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дар остонаи Рӯзи Модар дар Душанбе таҳти унвони "Дастрасии занони соҳибкори Тоҷикистон ба бехатарӣ ва роҳҳои такмили он" ҳамоиш доир гардидааст.

Дар ин ҳамоиш натиҷаи тадқиқоте, ки миёни 300 зани соҳибкори шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат гузаронида шуд, баррасӣ гардидааст.

Ба гузориши расонаҳои расмӣ, дар ин ҳамоиш намояндагони Парлумон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва доираҳои соҳибкорон ширкат карда, масъалаҳои марбут ба беҳтар кардани дастрасии занони соҳибкор ба бехатариро матраҳ кардаанд.

Супориши Э.Раҳмон оиди ҷудо кардани квотаҳо ба занони соҳибкор

Зикр шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби занон ба соҳибкорӣ ва таъмини бехатарии онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Иштирокдорони ҳамоиш роҷеъ ба роҳҳои беҳтар намудани дастрасии занони соҳибкори Тоҷикистон ба бехатарӣ ва нақши бонувон дар таъмини бехатарӣ, кафолати давлатии занони соҳибкор, нақши милитсия дар таъмини бехатарии занони соҳибкор, ташаккули шароити беҳтар барои дастрасии занони соҳибкор ба бехатарӣ, мушкилот ва роҳҳи ҳалли он ибрози назар кардаанд.

Гуфта мешавад, ки тадқиқот дар ин самт аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори "Кадбону" дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо гузаронида шуда, ҳадафаш таъмини амнияти занони соҳибкор, дастгирӣ ва пешниҳоди кумакҳои ҳуқуқӣ ба соҳибкорзанон ҳангоми мувоҷеҳ шудан ба мушкилот, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо, тақвияти ҳамкорӣ байни соҳибкорзанон ва кормандони мақомоти милитсия мебошад.