Шаҳрдории Душанбе: обрасонӣ ба ноҳияҳои Исмоил Сомонӣ ва Сино қатъ мешавад

Ҳукумати шаҳри Душанбе эълом карда, ки 13 – 14 март обрасонӣ ба бархе аз маҳаллаҳои ноҳияҳои Исмоил Сомонӣ ва Сино барои як шабонарӯз қатъ карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ имрӯз қарореро имзо карда, ки бар асоси он лӯлаи обрасонӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо Нерӯгоҳи гарморасонии “Душанбе 2” пайваст карда мешавад.

“Интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, Аҳрор Мухторов, Нодира ва ҳудуди ноҳияи Сино, маҳаллаи Комсомол аз соати 22:00 рӯзи 13 марти соли 2018 то соати 24:00 рӯзи 14 марти соли 2018 қатъ мегардад”, — гуфта шудааст дар қароре, ки шаҳрдор имзо кардааст.

Гуфта шуда, ки обрасонӣ “бо мақсади пайваст намудани қубури хобонидашудаи қутраш 426 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 1200 мм дар иншооти “Маркази барқу гармидиҳии 2” қатъ мешавад.

Шаҳрдори Душанбе раисони ноҳияҳои Сино, Исмоил Сомонӣ ва мудири ширкати давлатии “Обу корези Душанбе”-ро муваззаф карда, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе муваззаф шуда, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолӣ аз оби ошомиданӣ назорат кунад.