Душанбе мардум ва меҳмононашро ширинком мекунад

Дар остонаи Наврӯз дар пойтахти Тоҷикистон ҷашнвораи шириниҳои миллӣ баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Фардо, 7 март дар майдони маркази савдои «Ёвар» дар шаҳри Душанбе ҷашнвора-озмуни саросарии “Кулчақанд – лаззатбахши хони мо” баргузор мешавад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино ба гузориши равобити умумии ин ниҳод, ин ҷашнвора-озмунро Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату кумитаҳо баргузор мекунанд.

Ҳадаф аз баргузории он “арҷгузорӣ ба фарҳанги бузурги миллӣ, эҳёи маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ дар кишвар, ба истеҳсоли ҳаррӯзаи дохилӣ қарор додани номгӯи зиёди нону кулчақандҳои тоҷикӣ” гуфта шудааст.

Дар ин ҷашнвора анвои гуногуни нон, аз қабили кулчаҳои хурду калон, кулчақандҳо, қалама, фатир, таҳмол, орзуқ, ҳалвои сурху сафед, суманак ва ғайраҳо бо риояи тарзи омода намудани онҳо ба намоиш гузошта мешавад.

Пештар хабар дода будем, ки 22 март дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи “Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ" баргузор мешавад. Ин ҷашнвора бо ибтикори шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ва дар чорчӯби Соли рушди гардишгарӣ баргузор хоҳад шуд.

Наврӯз - ҷашни оғози соли нави миллии тоҷикон

Дар фестивали мазкур ҷашни байналмилалии Наврўз ҳамчун симои  сайёҳии Тоҷикистон ба сайёҳон, ки дар арафаи Наврўз ба Тоҷикистон ташриф меоранд, муаррифӣ карда шавад. Ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои сайёҳии кишвар,  ҳунармандони ҷумҳурӣ бошанд маҳсули ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо мегузоранд ва барномаи фароғатӣ-сайёҳӣ ташкил карда мешавад.

Қарор аст ин тадобир минбаъд ба ҳукми анъана дароварда,  ба  усули  доимии ҷалби сайёҳони хориҷӣ табдил дода шавад.

Бояд зикр намуд,  ки барои муаррифии Наврўзи байналмилалӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ корҳои муайян анҷом дода шуда, дар назар аст, ки имсол гуруҳҳои сайёҳон барои  ширкат дар  таҷлили  Иди байналмилалии Наврӯз  ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

Ҷашни Наврӯз, ки аз қадимтарин идҳои тоҷикон маҳсуб меёбад, бо хусусиятҳои хоси худ яке аз афзалиятҳои муҳими Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи чомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тамаддунофари халқи тоҷик мебошад.

Аз сӯи дигар Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳуввияти миллӣ ва бедор кардани ҳисси ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани симои мамлакат ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима ва захираҳои бузурги сайёҳидошта мусоидат менамояд.