Ширкати "Умед-88" барои пардохти қарз дороиҳояшро ба фурӯш гузошт

Ширкати сӯхтрасони “Умед 88” барои пардохти қарзи 171 миллион сомонии хеш ба Вазорати молияи Тоҷикистон амволи худ аз ҷумла ҷойгоҳҳои сӯхтро ба фурӯш гузоштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Ба нақл аз "Парстудэй", акнун дар тамоми ҷойгоҳҳои сӯхти мутааллиқ ба "Умед 88" эъломҳои фурӯши амвол ва шумораи телефонҳои тамос бо масъулони ин ширкат насб шудааст.

Дар ин эъломҳо қиммати фурӯши ҷойгоҳҳои сӯхт зикр нашуда ва харидорон дар тамоси телефонӣ бо масъулони "Умед 88" бояд макони музокирот ва қимматҳоро мушаххас кунанд.

Бо ин ҳол як тоҷири тоҷик гуфтааст, ки қиммати яке аз бузургтарин ҷойгоҳҳои сӯхти "Умед 88" дар маҳаллаи шарқи шаҳри Душанбе 13 миллион сомонӣ аст.
Пештар мақомоти Ожонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфта буданд, ки ба масъулони "Умед 88" иҷозатнома додаанд, ки барои пардохти қарзи 171 миллион сомонии хеш амволи ин ширкатро бифурӯшанд.

Раиси "Умед-88" ҳоло дар боздоштгоҳ мемонад

Ожонсӣ Раҷабалӣ Одинаев, раиси "Умед 88"-ро ба ҳамроҳи муовинаш ва се мақоми ин ширкат дар октябри 2017 боздошт ва ба онон иттиҳоми бознагардондани қарзи дарёфтӣ аз чанд бонк ва ниҳоди молӣ аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун ворид карда буд.

Нуктаи қобили мулоҳиза наҳваи қарз гирифтани масъулони "Умед 88" аст, зеро дарёфти 171 миллион сомонӣ бидуни пешниҳоди ҳукумат ва тасвиби Маҷлиси намояндагон имконпазир нест.

Абдуссалом Қурбониён, вазир молияи собиқи Тоҷикистон, ки бо ин моҷаро иртибот дошт, авоили имсол аз ин симмат барканор ва Файзиддин Қаҳҳорзода ба ҷои ӯ мансуб шуд.