Гузориши аксӣ аз намоиши ҳунарҳо дар Маркази исмоилияи Душанбе

Sputnik

Дар ин намоиш, ки  рӯзҳои 3-4 март баргузор шуд, ҳунармандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Афғонистон маҳсули дасти худро пешкаши тамошобинон карданд.

Ин намоишгоҳро Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон баргузор кардаанд.

Дар ин намоишгоҳ, сумкаҳо ва капчукҳои дастӣ, ҷавоҳирот ва ороишҳои аз нуқра ва чарм омодашуда, коллексияи баҳории либосҳои миллӣ, маснуоту бозичаҳои бофташуда ва намадӣ, бо тарзҳо ва тақвимҳои гуногун тайёркардашуда, сафолоти дастӣ, ашёҳои ороишӣ, тӯҳфаҳо ва ғайраҳоро дарёфт кардан мумкин буд.

1 / 14
"Намоиши баҳории ҳунармандӣ" дар Маркази исмоилияи Душанбе, аз ҷониби Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон баргузор шудааст.
2 / 14
Дар ин намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Афғонистон ба намоиш гузошат шуда буд.
3 / 14
Дар ин ҷо тамошобинон бо либосҳои миллии баҳорӣ ошно шуданд.
4 / 14
Ҷавоҳирот аз нуқраю дигар сангҳои гаронбаҳо, қисми аслии намоишгоҳ буданд.
5 / 14
Дар намоишгоҳ ҳамчунин ҷузвдонҳои шаклу ранги мухталиф ба фуруш гузошта шуда буд.
6 / 14
Устоҳои Узбакистон ба намоишгоҳ ҳайвоноту паррандаҳои дастсоз овардаанд.
7 / 14
Тамошобинон бо таваҷҷӯҳи хос ҳар як маҳсулотро аз назар мегузарониданд.
8 / 14
Ҷавоҳирот барои занон бо нархи мувофиқ фурухта шуд.
9 / 14
"Намоиши баҳории ҳунармандӣ" дар Маркази исмоилияи Душанбе.
10 / 14
Азам Ахруллоев раҳбари ширкати пойафзолбарории "Азам".
11 / 14
Кӯдаконро албатта шириниҳо ба худ ҷазб кард.
12 / 14
Дар ин намоишгоҳ асбобҳои гуногуни миллӣ аз қабили танбуру, доира ва рубобу сетор ба намоиш гузошта шуда буд.
13 / 14
Дар ин намоиш натанҳо имкони хариди маҳсулот буд, балки ҳунармандон ба хоҳишмандон тарзи омода кардани ин ё он навъи маҳсулотро нишон медоданд.
14 / 14
Таваҷҷӯҳи мардонро бештар корҳо ба худ ҷалб кард.