Рустам Эмомалӣ ба занони кӯчарӯб 3 миллион сомонӣ ҷудо кард

Раиси шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар ва ҷашни Наврӯз ба занони кӯчарӯб 2 миллиону 920 ҳазор сомонӣ кӯмакпӯлӣ медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдории Душанбе, дар ин росто қарори раиси пойтахт Рустам Эмомалӣ баромадааст.

Тибқи қарор, ба муносибати Рӯзи Модар ва ҷашни Наврӯз бо мақсади ҳавасманд намудани занону бонувони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналлӣ, фаррошони дастгоҳи раиси шаҳр ва сохторҳои мақомоти шаҳри Душанбе, 2 920 000 (ду миллиону нуҳсаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид.

Мувофиқи қарор масъулин вазифадор гардидаанд, ки то 6 марти соли 2018 маблағҳои ҷудогардидаро тибқи рӯйхат дар фазои тантанавӣ ба бонувон дастрас намоянд.

Ёдоварӣ мекунем, ки бахшида ба Рӯзи Модар дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки санъаткорони варзида доир мегарданд.