Русия боз ҳам ба Тоҷикистон омӯзгор мефиристад

Вазорати маорифу улуми Русия дар соли хониши оянда ҳам омӯзгоронро барои тадрис дар мактабҳои русии Тоҷикистон хоҳад фиристод, гуфт раҳбари ин ниҳод Олга Василева
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Вазорати маорифу улуми Русия масъалаи кушодани филиалҳои нави донишгоҳҳои Русия дар хориҷи кишварро баррасӣ мекунад, эълом дошт роҳбари ниҳод Олга Василева дар мусоҳиба бо РИА Новости.

Вай инчунин қайд кард, ки ба Русия низ шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил бештар хоҳанд омад.

“Мо ба нақша гирифта будем, ки соли 2017 дар донишгоҳҳои таҳсилоти миёна ва олии кишварамон дар бахши рӯзона 220 ҳазор донишҷӯёни хориҷиро барои таълим гирем, аммо маълумотҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар ин муассисаҳо 246,2 ҳазор нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд», — шарҳ дод вазир.

Тамоми аъмол дар чаҳорчӯбаи лоиҳа ва бо иштироки фаъоли ҳамаи ҳамшарикон, ҳамроҳ бо аъзои Консорсиуми ташкилотҳои таълимии маълумоти олӣ — коршиносони маорифи Русия, ки 14 августи соли 2017 таъсис ёфта буд, сурат гирифт, гуфт Василева.

Осадчий: тоҷикон метавонанд забони русиро дар Интернет омӯзанд

Ҳамчунин сардори Вазорати маориф ва илм қайд намуд, ки Русия мунтазам ба Тоҷикистон китобҳои дарсии русӣ мефиристад ва дар соли 2017 бошад, бори аввал ба Тоҷикистон муаллимони касбии русзабонро равон кард.

“Дар ҳоли ҳозир як қатор кишварҳои узви ИДМ ба ин лоиҳа таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд ва алъон шароити татбиқи он баррасӣ мешавад. Теъдоди омӯзгорони русиягӣ аз эҳтиёҷоти кишварҳои дархосткунанда ва қобилияти мо вобастагӣ дорад”, — таъкид кард вазир.

Тибқи гуфтаҳои Васильева, айни замон амали фаъол дар робита ба кушодани филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Ӯзбакистон ба анҷом мерасад. Илова бар ин, дар соли хониши 2018-2019 ба ин ҷумҳурӣ дар ҳаҷми квотаи ҳукумати Федератсияи Русия 203 ҷой барои таҳсил ҷудо карда шудааст.

Вай афзуд, ки шаҳрвандони Қазоқистон, дар баробари шаҳрвандони Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба муассисаҳои таълими олии Русия дохил мешаванд, ки ин шарт ба онҳо имкон медиҳад то ИЯД-ро дар нуқтаҳои қабуле, ки дар ин кишварҳо кушода шудаанд, супоранд.

Дар айни замон, дар муассисаҳои олии таълимии Русия тахминан 67 ҳазор шаҳрвандони Қазоқистон таҳсил мекунанд, ки аз он 26,8 ҳазор нафарашон аз ҳисоби буҷаи федералӣ аст.

Қаблан сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки забони русӣ ва таҳсилоти Русия дар ҷумҳурӣ мавриди таваҷҷӯҳ ҳаст.

"Дар Тоҷикистон барои хондан дар мактабҳои русиягӣ навбат гирифта мешавад. Зиёда аз 18 ҳазор донишҷӯёни мо дар макотиби олии Русия таҳсил мекунанд, ва тақрибан 7 ҳазор ҷавон дар филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон таълим мегиранд", — шарҳ дода буд вай.