Соҳибкорони Туркия дар Суғд меҳмонхонаҳои замонавӣ месозанд

Раҷаббой Аҳмадзода бо мудири ширкати туркии "Ярдан иншаат" Ваҳдат Ярдан ва ҳамроҳонашро дидор ва мулоқот кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, раиси вилоят гуфтааст, ки дар Тоҷикистон ҳамкории бахши хусусӣ бо давлату Ҳукумат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои рушди соҳибкорӣ шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошад.

Вай ёдоварӣ карда, ки феълан дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, энергетика, саноат, сохтмон, маорифу тандурустӣ, роҳсозӣ ва кишоварзӣ бо ҷалби сармоягузорон иқдомҳои наҷиб амалӣ мегарданд.

"Ваҳдат Ярдан, мудири ширкати туркии "Ярдан иншаат" гуфтааст, ки аз имкониятҳои мавҷуда, ки барои рушди соҳибкорӣ дар вилояти Суғд фароҳам шудааст, истифода мекунанд ва барои сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногун тасмимҳои созанда руйи даст гирифта мешавад", — омадааст дар хабарнома.

Пешниҳоди Аҳмадзода ба Русия: дар Суғд корхонаи мошинсозӣ бунёд кунед

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон таваҷҷуҳи соҳибкорони туркро ҷиҳати бунёди гармохонаҳои замонавӣ ва парвариши помидору бодиринг ва гул, таъсиси корхонаи истеҳсоли либос барои кӯдакон, бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ ва комплексҳои хизматрасонии сайёҳӣ ҷалб намудааст.

Дар навбати худ мудири ширкати туркии "Ярдан иншаат" ва ҳамроҳонаш барои амалишавии нақшаву барномаҳои созанда омодагии худро баён доштанд.