Милисаҳои Душанбе мардумро одоби шаҳрнишинӣ меомӯзанд

Дар Раёсати ВКД шаҳри Душанбе гурӯҳи вижае таблиғотӣ оид ба одоби шаҳрнишинӣ таъсис дода шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Раёсати ВКД, роҳбарияти ин ниҳод дар шаҳри Душанбе доир ба моҳияти қарори раиси шаҳри Душанбе, густариши корҳои ободонӣ бо бахшу хадамотҳои мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, кумитаи маҳаллаҳо ва институтҳои ҷамъиятӣ вохуриҳо доир намуда истодаанд.

Чунин вохурӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо ширкати муовини аввали сардори раёсат Ҳотамҷон Дадабойзода, намояндагони раёсатҳои маориф, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳрои миллӣ, кор бо занон ва оила, тандурустӣ ва ҳифзи ҷитимоӣ ва Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва ҳайати шахсии кормандзанони раёсат иштирок намуданд.

Ҷазои сахт: милисаҳои Душанбе барои ҷанҷол дар мактабҳо ҷавобгар шуданд

Дадабойзода дар суханрониаш дар бораи царори раиси шаҳри Душанбе ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии батанзимоварандаи фаъолияти шаҳрдорӣ гуфта, оиди дар маҳали хизматӣ татбиқ намудани муқаррароту талаботи қарори зикргардида аз ҳисоби нозирони минтақавӣ, кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолони маҳал гурӯҳои корӣ таъсис намуд.

Вай гуфтааст, ки баҳри баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон, маданияти шаҳрнишинӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҳар як сокини пойтахт тақозо карда мешавад то дар ободу зебогардонии муҳити атроф ва шукуфоии пойтахт саҳмгузор бошанд.

 Ҳамчунин, дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату кумитаҳои маҳаллаҳо суханронӣ намуда, дар бораи фаъолияти босамар ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидани гурӯҳҳои таъсисёфта пешниҳоду дархостҳои худро иброз намудаанд.