Муборизаи модарони Бадахшон бар зидди ҷинояткорӣ ва шаробнӯшӣ

Бо ширкати бонувони касбу кор ва синну соли гуногун дар маркази ВМКБ-шаҳри Хоруғ ҳамоиш таҳти унвони "Модарони Бадахшон бар зидди маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ» баргузор гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба гузориши сухангӯи ҳукумати вилоят Нилуфар Асламшоева, дар ин ҳамоиш занони Бадахшон масоили мудрами рӯз, нашъамандӣ, шаробнӯшӣ ва ҷинояткориро муҳокима кардаанд.

Дар ҳамоиш бонувон нашъамандию нашъаҷаллобӣ, фурӯш ва истеъмоли бе меъёри машруботи спиртӣ, даст задани бархе аз ҷавонони ноогоҳи вилоят, минҷумла шаҳри Хоруғ ба ҷинояткорӣ ва нигоҳдорию истифодаи ғайриқонунии силоҳи оташфишонро маҳкум карданд.

Ҳукумати ВМКБ: мубориза бо шаробфурӯшӣ ду моҳ боз идома дорад

"Модарон чун сарчашмаи ҳаёт ҳамеша бар зидди ин гуна аъмоли зишт мубориза хоҳанд бурд. Модарони Бадахшон чун тамоми модарони кишвари соҳибистиқлоламон куллан бар зидди халалдор гардидани амну осоиш ва сулҳ ҳастанд.

Аз нором гардидани авзои ҷомеа ва халалдор гаштани сулҳу субот, аз баланд гардидани садои тире дар фазои кишвар, аз фавти навҷавоне аз истифодаи маводи мухаддир ва арақ пеш аз ҳама қалби мо-модарон пора-пора мегардад, аз ин рў мо бо тамоми ҳастиамон садди роҳи нафароне мешавем, ки даст ба нашъачаллобӣ ва истифодаи силоҳи ғайриқонунӣ мезананд, —гуфтаанд иштирокдорони ҳамоиш.

Занони Бадахшон
 

Ҳамчунин аз номи иштирокдорони ҳамоиш ва тамоми модарони Бадахшон Муроҷиатнома ба сокинони вилоят қабул гардидааст, ки дар он аз ҷумла омадааст:

"Мо, модарони бадахшонӣ намегузорем, ки сулҳ дар кишвари соҳибистиқлоламон халалдор гардад. Мо, модарон қодир ҳастем, ки бо ҳиммати модаронаи худ, бо ҳисси баланди ватандўстӣ ба ҷинояткорӣ дар Бадахшон куллан хотима гузорем!!!". 

Пештар, гурӯҳе аз фаъолони иҷтимоъӣ дар номае аз раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дархост кардаанд тавлиду фурӯши ҳама гуна машруботи алкулӣ ва тамокуиро дар қаламрави ин вилоят мамнуъ кунанд.