"Муҳоҷирони баргашта": давраҳои омӯзишӣ барои табибони Хатлон

Даврҳои омӯзишӣ дар диораи барномаи "Муҳоҷирони баргашта" баргузор гардида, дар кори он менеҷерони кӯмаки аввалияи тиббию беҳдошт, роҳбарони марказҳои солимии репродуктивӣ, табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ ширкат мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон барои табибон давраҳои омӯзишӣ роҳандозӣ шудааст.

Бо мақсади татбиқи босамари "Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2010-2020" дар вилояти Хатлон миёни менеҷерони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, роҳбарони марказҳои солимии репродуктивӣ, табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ даврҳои омӯзишӣ роҳандохзӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур бо ибтикори Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст.

Даврҳои омӯзишӣ ҳамзамон дар доираи тадбиқи "Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз руи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2016-2020" роҳандозӣ гардидааст.

Таъмири 19 муассисаи тиббӣ дар Хатлон

Даврҳои омӯзишӣ дар диораи барномаи "Муҳоҷирони баргашта" баргузор гардида, дар кори он менеҷерони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, роҳбарони марказҳои солимии репродуктивӣ, табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавии ноҳияҳои Хуросон, Абдураҳмони Ҷоми, Ёвон, Дустӣ, Ҷалолиддин Балхӣ, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҷайхун, Кушониён,  ва  Вахш ҷалб карда шудаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳукумати Ҷопон дар марказ ва бархе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон панҷ тарҳи иҷтимоъиро ба баҳрабардорӣ расонд.

Яке аз ин тарҳҳо бозсозии дабиристони рақами 8 дар ноҳияи Хуросон аст, ки Ҳукумати Ҷопон барои иҷрои он камобеш 82,2 ҳазор дулор ихтисос дода буд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Қӯрғонтеппа тарҳи сохтусоз ва муҷаҳҳазсозии маркази пуштибони аз бонувони "Дилафрӯз" анҷом ёфт, ки барои ин тарҳ низ 82,2 ҳазор доллар кумаки бебозгашт ихтисос шуда буд.