Шаҳрванди Афғонистон, муттаҳами муомилаи ғайриқонунии сангҳои гаронбаҳо дар Тоҷикистон

Сангҳои гаронбаҳо аз ҷумлаи сармояҳои миллии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Як шаҳрванди Афғонистон муттаҳам ба муомилаи ғайриқонунии сангҳои гаронбаҳо дар Тоҷикистон шуд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз аз боздошти ин муттаҳами 52-сола, ки дар ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон муваққатан иқомат дошт, хабар дод. Бар асоси ин гузориш, мақомоти пулис дар бозрасӣ аз маҳалли зиндагии ин шаҳрванди хориҷӣ 223 қитъаи санги гаронбаҳо кашфу забт карданд. Вазни сангҳо  177, 73 килограмм ва арзиши онҳо беш аз 44 ҳазор сомонӣ гузориш шудааст.

Боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо сомониҳои қалбакӣ

Гуфта мешавад, муттаҳам ин сангҳои гаронбаҳоро дар шаҳри Хоруғ аз ду шаҳрванди 44 ва 51-солаи сокини ноҳияи Ишкошим харидорӣ кардааст.

Сангҳои гаронбаҳо аз ҷумлаи сармояҳои миллии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

Пештар як сокини Рӯшон ба иттиҳоми қочоқи ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо боздошт шуда буд.

13-уми январи соли 2018 дар вақти азназаргузаронии автомашинаи шахсии ин мард тамғаи "Тойота Раннер", аз пинҳонгоҳи қисми чапи "торпедааш" 1 адад халтача, ки дар дохили он 38 адад сангҳои табиии қимматбаҳои навъи "ёқут" ва 21-адад сангҳои гуногунҳаҷми табии қимматбаҳои навъи "лаъл", вазни умумиашон 59,40-грамм буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.