Эй беинсоф!: Мирзиёев ба тӯй ё чойхона рафтани мансабдоронро мамнӯъ кард

Дар Узбакистон аз нахуствазир сар карда, то раисони вилояту шаҳрҳо аз ҳаққи рафтан ба тӯй маҳрум шуданд. Раисҷумҳур гуфт, агар фаҳмад, ки масъулин ин тартибро вайрон кардаанд, онҳоро аз симат сабукдӯш мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Вебгоҳи uznews-uz. хабар медиҳад, ки раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёв тӯйравии мансабдоронро тезу тунд танқид кардааст.

"Ба нахуствазир, ҳокимони вилоятҳо, раисони шаҳру навоҳиҳо мамнуъ мешавад, ки ба тӯй раванд. Агар рӯзе дидам, ки мошини давлатие  дар назди чойхонае меистад, худи ҳамон рӯз шуморо барканор мекунам ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашам",- таъкид доштааст Мирзиёев.

Раисҷумҳур афзуд, тӯйравии мансабдорон ба мардуми оддӣ маъқул нест.

"Он вақтҳо гузаштанд. Тӯйравии Шумо ба мардум маъқул нест. Маърака ҳам, тӯй ҳам бе ширкати мансабдорон баргузор карда шавад. Нахуствазир бо муовинҳояш ба тӯйхона медаромадаасту ҳамаи одамон аз ҷой мехестаанд… Эй беинсоф, ту ба ин пул 20 кг гӯшт хар, ранг хар, хонаи мӯҳтоҷонро таъмир кун, ё як телевизор харида деҳ",- таъкид кардааст Мирзиёев.

Манбаъ тавзеҳ намедиҳад, ки оё мансабдорон аз ҳаққи ширкат дар тӯйи наздикон-фарзандони худ маҳрум шудаанд ё не.

Пештар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини кишвар талаб карда буд, ки ҷиддан қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро риоя кунанд. Дар акси ҳол барои онҳо ҷавобгарии сангинтаре таъин шудааст.