Дар ҳолати мастӣ: дар Панҷиканд марде домодашро кушт

Чанде пеш дар шоҳроҳи "Айнӣ-Панҷиканд" дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х. Ҳасани шаҳри Панҷиканд ҷасади марди 31-солае бо захмҳои бурида пайдо гардид. Тафтишот муайян кард, ки ин мардро падарарӯсаш корд зада будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз хабар дод, ки дар шаҳри Панҷиканд марде домодашро дар ҳолати мастӣ корд зада куштааст.

Манбаъ менависад, рӯзи 1-уми марти соли равон, тахминан соати 20:00, дар роҳи мошингарди "Айнӣ-Панҷакент", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Ҳасани шаҳри Панҷакент, ҷасади марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур, бо захмҳои бурида дар қисмати гарданаш дарёфт карда шуд.

Ҳукумати ВМКБ: мубориза бо шаробфурӯшӣ ду моҳ боз идома дорад

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои бозҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитса, падарарӯси марҳум, марди 46-солаи сокини ҳамин шаҳр, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд. 

"Тафтишот муайян намуд, ки номбурда 1-уми марти соли 2018, тахминан соати 19:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дар маркази деҳаи Суфиёни шаҳри Панҷакент, аз сабаби доштани хусумати шахсӣ нисбати домодаш, ӯро бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба гарданаш зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Далели шайъӣ гирифта шуд, меафзояд ВУД.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Чанде пеш хабар дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд ҷавоне дар ҳолати мастӣ падарашро куштааст.

Гуфта мешуд, ҷавод ҳангоми сархушӣ бо миз ба сари падар задааст, сипас бо ин ҳам қаноат накарда, ба сари падарро ба кунҷдевори тезе мезанад. Ҷавон дастгир шуда, тафтишот идома дорад.