Имрӯз дар Душанбе Ҷашнвораи намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешавад

Дар он ҳунармандони асили тоҷик аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ҷамъ омада, маҳсули дастони худро ба намоиш мегузоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашнвораи намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумиро баргузор менамояд.

Тавре аз Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, Фестивали мазкур 3 марти соли равон дар Маркази савдои Ашан гузаронида мешавад.

Бори аввал дар Тоҷикистон ҷашнвораи "Наврӯз-меъроси фарҳангии сайёҳӣ" баргузор мешавад

Дар он ҳунармандони асили тоҷик аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ҷамъ омада, маҳсули дастони худро ба намоиш мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин намоишҳо дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба пешрафту тараққӣ додани сайёҳӣ ва тақвият ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла атласбофию адрасбофӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, чакандӯзӣ, шероздӯзӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, кордсозӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, сангтарошӣ, дуторсозӣ ва як зумра ҳунарҳои дигари мардумӣ, ки солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд мекунанд, заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳ дар Дубай ширкат кард.

Аз 18 то 22 феврали соли ҷорӣ бори аввал ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии маҳсулоти ватанӣ дар бузургтарин намоишгоҳи хӯрокаи "Gulf Food", ки дар Дубай баргузор гашт, иштирок намуданд.

Дар намоишгоҳи мазкур ширкатҳои "Исфара Фуд", "Оро Исфара", "Apricot & Company" ва "Тоҷик Продукт", ки дар самти коркард ва бусту банди меваҳои тару тоза ва хушкмеваҳо фаъолият доранд.