Бо дастури Аҳмадзода: дар Хуҷанд ярмаркаи фурӯши ниҳол баргузор мешавад

Ҳамчунин интизор меравад, ки дар ин рӯзҳо дар шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ баргузор гардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода санаҳои 3-4 марти соли ҷорӣ дар назди театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар намуди зироатҳо баргузор мегардад.

Бино бар иттилои манбаъ, масъулини соҳа вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд пешниҳод навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ, сояафкан, гулу гулбуттаҳо ва тухмии зироатҳо, инчунин маҳсулоти кишоварзӣ бо иштироки фаъоллонаи намояндагони шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои кишоварзию деҳқонӣ ва аҳолӣ он тадбирҳо андешанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин интизор меравад, ки дар ин рӯзҳо дар шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ баргузор гардад.