ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сурайё Хонзода Тоҷикистонро дар озмуни байналмилалии Miss AsiaMix намояндагӣ мекунад. Дар ин бора Хонзода дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ин озмун аз дигар озмунҳои зебоӣ бо он фарқ мекунад, ки ба истеъдоду зебогии гулдухтарон на доварон, балки корбарони интернет бо овоздиҳӣ ба таври онлайн баҳогузорӣ мекунанд.
Шарти даври аввали озмун намоиши панҷ акс бо инъикоси истеъдод, дониш, муваффақият ва ҳунари ширкаткунанда аст. Дар даври дуюм бошад, гулдухтарон бояд ба баргузоркунандагони озмун ду сабти видеоӣ: яке бо шарҳи ҳол ва дуюмӣ бо маълумот дар бораи мувафаққиятҳояш дар ин ё он навъи ҳунармандӣ.
Ғолиби озмунро унвони Miss AsiaMix ва ҷоизаи пулӣ интизор аст.
То анҷоми даври аввали озмун ду рӯз боқӣ мондааст ва то имрӯз ба тарафдории Сурайё Хонзода 214 кас овоз додааст.
"Ман аслан дар бораи ин озмун хабар надоштам, тақрибан 2 моҳ пеш баргузоркунандагони ин озмун маро дар Инстаграм ёфтанд ва пешниҳоди ширкат карданд",-гуфт Сурайё дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Албатта Сурайё пешниҳоди баргузоркунандагони озмун рад накард, чун ҳадаф дорад, ки ҷаҳониёнро бештар аз истеъдоду тавоноии духтарони тоҷик ва бонувони Тоҷикистон бохабар кунад. Сурайё бовар дорад, ки бонувони тоҷик метавонанд бо зебогӣ ва истеъдоди худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунанд.
"Мақсади асосии ман нишон додани қисмате аз тавоноиҳо ва истеъдодҳои духтарони сарзаминам аст. Медонам, ки духтарони тоҷик бо дониш санъат ва шахсияташон метавонанд Тоҷикистони азизамонро ба ҷаҳон муаррифӣ кунанд. Ҳамин, ки маро пайдо карданд ва ба озмун даъват карданд худаш як муваффақияти духтари тоҷик аст", — бовар дорад Хонзода.
Дар озмуни Miss AsiaMix намояндагони кишварҳои гуногун аз қабили Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат мекунанд. Баргузоркунандагони ин озмун гурӯҳи КВН Қирғизистон мебошад.
Be in national
Сурайё Хонзода ба баргузоркунандагони озмун на аксҳои оддӣ балки тасвирҳояшро аз тарҳи хусусиаш бо увони "Be in national" (Бо либоси миллӣ) равон кардааст. Ин аксҳо писанди ташкилкунандагон шудааст. Сурайё қасд дорад ин тарҳро то навиштани китоби комиле дар бораи либоси миллии кишварҳои гуногун пураа кунаду мунташираш намояд.
Алъон донишҷӯи бахши "Радио, Телевизион ва Синамо"-и Донишгоҳи Давлатии Истамбул аст. Барои оянда барномахои зиёде дар назар дораду сафар ба кишваҳои хориҷ ва омӯзиши таъриху таҷрибаи бойи кишварҳои гуногунро дӯст медорад. Сурайё ҳамчунин ба аксбардорӣ ҳам машғул асту, намоиши аксҳояш ҳанӯз дар даври донишҷӯӣ дар Душанбе баргузор шудааст.